Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллӣ вазифаи муқаддаси хар як шаҳрванди кишвар аст!

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихи  халки мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия шуд ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башари  ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Мо пешниҳоди равшанфикрон, аҳли зиё ва омӯзгорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дастгирӣ менамоем , зеро ки он барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд. Эҳтиром  ва эҳсоси суруди миллӣ ва парчами давлатӣ ифодаи ба эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фард  нисбат ба давлат буда, мардуми шарифи мо зери ливои давлати худ ва сароидани суруди миллӣ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат  кашида ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки Рамзхои давлатии Точикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли мебошанд. Барои хар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, Забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллӣ вазифаи муқаддаси хар як шаҳрванди кишвар аст.

Маҳз суруди миллӣ яке аз рамзҳое  мебошад, ки дар руҳияи мардуми тоҷик ҳиссӣ баланди ватандорию худшиносиро бедор  менамояд ва барои ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ  равона  мекунад. Ман  боварӣ дорам, ки аксари  омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯён  пешниҳоди маорифчиёни  ВМБК  нисбати оғози  машғулиятҳо бо сароидани суруди миллӣ ҷонибдорӣ намуда, ин амалро иқдоми хеле хуб   мешуморанд ва онро пурра дастгирӣ менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *