ҶЕҲРАИ ИБЛИСИИ М .КАБИРӢ БОРИ ДИГАР АЁН ГАШТ!

Имрӯзҳо тариқи расонаҳои иттилоотӣ, бахусус дар барномаи “Паймони миллӣ..” “Муҳиддин Кабирӣ намоишкорона баромад намуда, тухми кинаву адоват кошта истодааст. Кабирӣ аз оқибати корҳои кардааш бохабар аст ва медонад, ки худбохтаву майдонбохта аст, боз чун солҳои қаблӣ худро шахси “адолалпарвару сиёсатдон” вонамуд карда, боз кӯшиши бадном кардани миллати тоҷикро мекунад. Бо баробари ин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди он гаштем, ки чи тавр М.Кабирӣ бо бонуе бо номи Ҳарамгули Қодир гуфтугӯи телефонӣ намуда, новобаста аз он, ки ӯ аз фарзандонаш ҳам ҷавонтар аст, бе ягон риояи шарму ҳаё нисбаташ суханҳои қабеҳу нораво баён намудааст. Пас суоле ба миён меояд, ки чаро М.Кабирӣ худро ҳомии дини ислом ва мусалмони воқеӣ шуморида, ба чунин рафтори аз ахлоқ дур роҳ медиҳад.Таъкидан ба М.Кабирӣ ёдовар мекунем, ки фурӯтани ва адабро аъмоли диндорӣ мегӯянд. Ин шиорро набояд ҳар мусалмон фаромӯш кунад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ба хонандаи закӣ  рафтору гуфтор ва чеҳраи иблисии  М .Кабирӣ бори дигар аён гашт.

Умуров Х., ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *