ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БОЯД ХУЛОСАБАРОРӢ НАМОЯНД!

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд. Бештари онҳо аз хориҷа истода,меҳоҳанд  тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор додан кӯшиш намуда истодаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла равияҳои ифротӣ ва баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Мо танҳо вилояти Суғдро мисол меорем, ки ҳарчанд омори содиршавии ҷиноятҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи самарнок ба роҳ мондани корҳои фаврӣ чустуҷӯӣ дар давоми як солу шаш моҳи охир 502 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Бо баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то инҷониб ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, миёни онҳо 8 оила дар ҳайати 27 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, Бохтар, Ҳисор ноҳияи Рӯдакиву Рашт мебошанд, ихиёран ба Ватан баргардонида шуданд.

Аз ин рақамҳои оморӣ душманони миллат хулосабарорӣ намоянд. Ҳоло дер нашудааст! Хулоса  ҳар афрод, зодаи Тоҷикистон умуман ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *