ДУШМАНИ ВАҲДАТ ДУШМАНИ ВАТАН АСТ

 

Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кишвари мо аз бузургтарин мушкилоти сиёсӣ, ки метавонист Тоҷикистонро ба нестӣ барад, раҳо ёфта, маҳз тавассути хираду дониш, таҷриба ва нерӯи маънавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи тозаи рушд ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ворид шуд.

Бузургтарин хизмати беназири фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва давлати Тоҷикистон наҷоти кишвар аз гирдоби оташини ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту субот, оромии кишвар, тамомияти арзӣ ва Ваҳдати миллист.

Соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт оид ба даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва хисороти он ёдоварӣ намуда, гуфтанд, ки “Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ, ки дар оғози истиқлолияти давлатамон бо гуноҳи душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба вуқӯъ пайваст, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мо ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор нафар модарону занон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон гуреза шуданд ва ҳазорон иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат харобу валангор ва сӯхтаву нобуд гардиданд.

Дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят вазнину фоҷиабор, ки мардуми тоҷик ташнаи сулҳу оромӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ буданд, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва баргузор гардид ва роҳбарияти нав интихобшудаи давлат масъулияти вазнини ба эътидол овардани вазъи мамлакатро ба дӯши худ гирифт.”

Оре, маҳз дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ роҳи ояндаи кишвар муайян гардид. Роҳбари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавию шикастнопазир кори худро аз хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти милёнҳо инсонҳои бегуноҳ, ба ватан овардани гурезаҳо, эҷоди сулҳи воқеӣ ва ваҳдати миллӣ шурӯъ кард.

Бо вуҷуди оне, ки наҳзатиҳо дар ҳамон солҳои душвори барои халқу миллат муҳлик манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва хоҷагони хориҷии худро бартар аз амнияту суботи кишвар ва наҷоти давлат медонистанд, вале Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дигар нерӯҳои опозитсиониро водор ба дарки вазъият намуда, билохира неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллиро ба халқу давлати Тоҷикистон тақдим намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27.06.2018 дар шаҳри Конибодом баргузор шуд, таъкид намуданд, ки “Бори дигар бо қатъият иброз медорам, ки агар дар натиҷаи фитнаву дассисаи ангехтаи бадхоҳону душманон давлати тоҷикон аз байн мерафт ва миллати тоҷик пароканда мегардид, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшиданд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард.

Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.”

Воқеан, таърихи давлатдории мо дар замони Истиқлолият исбот намуд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар ҳеҷ давру замон оромию ободии моро намехостаанд ва ҳамеша баҳри амалӣ намудани ғароизи палиди хоҷагони хориҷии худ талош мекардаанд.

Ҳаводиси нангини соли 2015 ва аъмоли лидерони наҳзатӣ то имрӯз гувоҳи ботини каждумонаи онҳост. Эътироф накардани Ваҳдати миллӣ, таҳқири арзишҳои давлатӣ, санг андохтан ба сӯи миллат ва шахсиятҳои давлатсози мо аз ҷумлаи кирдорҳои разилонаи душманони амнияту субот ва ягонагии Тоҷикистон буду ҳаст. Аҷиб аст, ки аксари наҳзатиён мехоҳанд рафтору гуфтори душманонаи худро бо калимаҳои муқаддаси Ватан, халқ ва миллат ҷило бахшанду ниятҳои нопокашонро пинҳон намоянд. Шоири шаҳири миллат, устод Мирзоюсуфи Фозилзода маҳз дар ҳаққи чунин “ватандӯстон” гуфта буд, ки:

 

Зи Ваҳдат ҳар он, к-ӯ ҳазар мекунад,

Бувад душмани ошкори Ватан.

Ҳазар кун зи рафтору гуфтори ӯй,

Бувад гарчи зери шиори Ватан!

 

Мардуми Тоҷикистон низ нағз медонанд, ки чунин афрод чӣ мехоҳанду бо кадом мақосид берун аз кишвар шиорпартоӣ мекунанд. Ин шаҳодати он аст, ки Ваҳдати мо ҷовидон ва муҳаббати мардум ба Асосгузори он, Сарвари саодатофарини давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст.

 

Дилшод ЗОКИРОВ

Nigohi khalq

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *