Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон

Санаи 20-уми сентябр, радиои Озодӣ, ожонсии хабарнигории аврупоӣ, дар пайи пахши хабарҳояш хабареро перомуни нигаронии як тан муҳаққиқи масоили Осиёи Марказии созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов, ки номбурда боздошти 50 нафар хешу табори аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва “нақзи хеле ҷиддии ҳуқуқи инсон” ва “аломати хеле ва хеле бад” маънидод кардааст. Ин андешаи Свердлов бешубҳа, пас аз намоиш ва воридшавии эътирозталабонаи тахминан 20 нафар аз ширкаткунандагони эътирозии назди бинои САҲА дар Варшава, сар задааст, ки онҳо дар пушти иштирокчиёни маҷлис саф ороста, дар тан куртаҳои бо акси боздоштшудаҳову зиндониҳое, мисли Бузургмеҳр Ёров ва аъзои раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣро доштанд. Хабарнигории мазкур “ба Кумита рабте надорад” гуфтаи “як манбаъ”-ро аз КДАМ рӯи чоп низ овардааст.

Агар, аз нуқтаи назари мантиќӣ андеша кунем, хабарҳои бачоп омадаи ин манбаъ сар то сар хислати иғвоангезиро доро мебошад. Аввал ин ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна аломати “бозгӯи бархӯрди воқеии Ҳукумат нисбати принсипҳои ҳуқуқи башар” – чӣ тавре ки манбаъ менависад, дида намешавад, сониян, дастрасии маълумот аз КДАМ, ки гӯё ба хабаргузории хориҷӣ маълумот дода бошад, дурӯғи маҳз аст. Ва агар ба андешаи онҳо дастгиршудагони раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “амали ғайриқонунӣ” ҳисобида шавад, бори дигар Қарори Суди Олии Тоҷикистонро оид ба манъи фаъолияти ҳизби мазкур ба эшон ёдовар шудан кофист, то далели асоснокро аз нуқтаи назари конститутсионӣ бидонанд. Ё худ беихтиёр суоле пайдо мегардад. Оё ин эътирозгарон аз воқеаҳои дар моҳи сентябри соли гузашта хабар доранд? Чаро дар ин масъала лаб мегазанд? Оё ҳамин воқеаи мудҳишу нафратангез, ки бо дастгирии “ҷаноб”-и “пушту паноҳашон” Кабирӣ сар заду ҷони фарзандони баору номус ва сарсупурдаи миллатро рабуд, мисоли равшани боздоштшавии ин нафратангезон нест?

Ҳамчунин, ин манбаъ менависад, ки солҳои охир кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Полша, маҳалли таҷаммӯи мухолифини тоҷик шуданд, дар миёни онҳо аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди қатъи фаъолияти созмонҳояшон дар Тоҷикистон, ба хотири дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ба хориҷа рафтаанд. Пас биёед андеша кунем, дар ҳолате, ки онҳо ҳамарӯза сухан аз “ноадолативу ноӯҳдабароиву бесаводиву ғоратгарӣ”-и Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, шаъну шарафи мансабдорони мамлакат, шурӯъ аз Президент, то ашхоси алоҳида салоҳиятдори Ҳукуматро паст зада ва ба ин васила гӯё ба “мақсадҳои олиашон” мерасанд, оё аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ дуруст аст? Оё Конститутсияи Тоҷикистон барои фаъолияти онҳо принсипҳои баробарӣ ва дахлнопазириро наомӯзонд? Агар рӯирост баён дорем: Шумо эй эътирозиёни бемақсад, вақте ки дар мамлакати ҳамзабону ҳаммаслакони худ натавонистед бо роҳи мусолиҳоти сиёсӣ ба ҳадафҳои худ расед, пас дониста бошед, ки ин бозиҳои байналмилалии шумо ба сулҳу субот, оромиву осудагӣ, ва иродаи қавии миллати тоҷик ҳеҷ монеае эҷод намекунад. Худро беобрӯ месозеду боз, аламовараш ба номи миллати сулҳхоҳи тоҷик доғ меоваред. Охир ба тақдири як миллати куҳанбунёд ва ҳамчун сулҳофар шинохташудаи олам суханони ким кадом як хоҷаи хориҷии шумо-“ҷаноб”-и Стив Сверлов нақши ҳалкунанда мебозад? На ҳаргиз! Мо худ миллати созанда будем, ҳастем ва хоҳем монд!

Дар баробари ин, мо бузургони миллатдӯст доштему дорем, ки моро роҳнамо гаштаву ба таъкид панд додаанд. Ба монанди:

Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!

Каёнуш Калонзода        

5 Комментариев для “Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон”

  1. дар воқеъ Каёнуш рост мегӯед, ин нафратангезон бештар ба манфиатҷӯй монанданд, на ин ки ҳақиқатталаб!

  2. Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем.

  3. дар ҳақиқат номи мақола ба мазмунаш мувофиқ афтодааст. Қатра-қатра ҷамъ шавад дарё шавад. Аз ин ифротгароён эҳтиёт бояд шуд!

  4. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ низ созмондиҳандагони ин ҳамоиш ҳуқуқ надоштанд, ки беасос бар хилофи Тоҷикистон эътироз карда, ба шаъну шараф ва обрӯи кишвар доғ оваранд. Пас метавон гуфт, ки ин як намоиши иғвоангезе беш нест

  5. Эй, ки аз рӯйи ҷаҳолат носабурӣ мекунӣ,
    Бо хаёли салла ҳар дам каллабурӣ мекунӣ.
    Аз силаҳшӯрӣ ба танг овардӣ халқи кишварат,
    Нони ӯ хӯрдастиву чун нонкӯрӣ мекунӣ? инҳо ана ҳамин гунаанд.

Leave a Reply to Тоирова М. Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *