

Ҳамагон тариқи расонаи хабарӣ огаҳанд, ки солҳои охир, яке аз узви ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин – афроди бешарафи дурӯя, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтраш сомонаи “Ислоҳ нет” дар барномаи ифротиаш маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн менамояд. Чунончи 20 сентябри соли ҷорӣ М.Садриддин дар яке кишвари Аврупо қарор дошта, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷӣ дар барнома бо номи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуд. Дар ҷараёни барномааш наворҳои сохтаро намоиш дода, мисли М. Кабирӣ худнамоӣ карда, сар то дурӯғу сафсатагӯӣ намуд. Ин бешарафи дурӯя чун раҳбрияти ТТЭ ҲНИ аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, зимни чоплусиву бегонапарастӣ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Вале, бехабар аст, ки мардуми солимақли кишвар фаъоияти хоинони миллатро асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ, бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғибро ба роҳ мондаанд. Бояд ёдовар шуд, ки нақшаҳои баде, ки хоинони миллат кашида буданд, оқибат ба он овард, ки худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуданд. Бо иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик доштанд охирпушаймон гаштаанд, ки имрӯз он суде надорад, дар натиҷа онҳо инсони дарбадар дур аз Ватан мебошанд. Дурӯғгуи сафсатаи бешарафи дурӯя дар якҷоягӣ бо тӯдаи бадхоҳони миллат-ТТЭ ҲНИ то ҳол ба худ хулосабарорӣ накардаанд, чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб хоинони ватананду, миллат ва дину мазҳаб надоранд ва ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра мебошанд. Бинобар ин, нагузорем, ки бешарафи дурӯя – М.Садриддин ва умуан раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Мо имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем ва барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!
Д.Шарипов ,
устоди ДИС ДДТТ