Ду ваксина – довталаби зидди коронавирус

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду ваксина – довталаби зидди коронавирус — британиягӣ ва чинӣ, ки озмоишҳои клиникиро сипарӣ менамоянд, вокуниши баланди масуниятӣ ба вуҷуд меоваранд. Натиҷаҳои озмоиш дар маҷаллаи тиббии «The Lancet» интишор ёфтаанд, — хабар медиҳад МИА «Казинформ».

Ваксинаи довталаб, ки аз тарафи Донишгоҳи Оксфорд дар ҳамкорӣ бо AstraZeneca таҳия мешавад, вокуниши қобили мулоҳизаро дар 1077 шахси озмоишшаванда ба вуҷуд овард. Сафедиҳои зидди ҷисмҳои бегонаи (антителаҳо) хунсокунанда дар вуҷуди зиёда аз 90% беморон ва вокуниши T-ҳуҷайрвӣ дар вуҷуди тамоми иштирокчиёни озмоиш мушоҳида гардид.

Ваксинаи довталаби дуюм, ки аз ҷониби CanSino Biologics-и чинӣ озмоиш мешавад, вокуниши баданро дар самти истеҳсоли сафедиҳои зидди ҷисмҳои бегонаи (антителаҳо) хунсокунанда дар вуҷуди тақрибан 85% аз 508 иштирокчии озмоиш таъмин намуд ва зиёда аз 90%-и онҳо вокуниши T-ҳуҷайравӣ доранд. Озмоишгарон мавҷудияти асароти сабуки ҳамсафари ваксинаҳо, аз ҷумла муваққатан баланд шудани ҳарорати бадан, заифӣ ва дард дар нуқтаи тазриқро қайд менамоянд. Ҳангоми ин озмоишҳо дар мавриди асароти ҷиддии ҳамсафари ваксинҳо хабар дода нашудааст.

Натиҷаҳои фосилавии озмоишҳо заминаи хуби гузариш ба марҳилаи сеюми таҳқиқоти клиникиро фароҳам сохтаанд ва дар ин давра теъдоди зиёди одамон барои арзёбии самаранокӣ ва бехатарии онҳо бо ваксинаҳои довталаб эм карда мешаванд. Танҳо баъд аз ин ваксина метавонад барои истифодаи ҳамагонӣ дастрас шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *