ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИКИСТОНИ ДАР ХОРИҶИ КИШАР МОҶАРЎҶУИ ТТЭ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕНАМОЯНД

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкиднамудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. Ҷавобан ба ин, талошҳои пайвастаи ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаъолона бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ нерўи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра, муборизаи беамон бурда истодаанд. Масалан ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Ҷумурии Лаҳистон таҳсил карда истодаанд, доир ба иштироки аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар конфронси Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САҲА) қотеъона маҳкум намуда,нисбати роҳбарият ва аъзоён ҳизби тахрибкор дар изҳороти хеш, аз ҷумла қайд кардаанд: «Ин қабил афрод миллат надорад. Агар миллат медоштанд, онҳо бо саркардаашон М.Кабирӣ ҳарсол бо либосҳои жулидаю бетартиб ба даромадгоҳи ҷаласаи солонаи САҲА дар шаҳри Варшава мисли селаи сагон наменишастанд. Дар миёни садҳо нафарони хориҷӣ, бо кафки даҳон ва нишон додани рагҳои гардан нисбати Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он суханони бад намегуфтанд. Давлатҳо ва созмонҳои хориҷиро барои таҳриму фишор нисбати мардуми тоҷик даъват намекарданд. Мисли галаи сагон ба дипломатҳои тоҷик ва автомашинаҳои хизматии онҳо ҳамла намекарданд»

 Хулоса, изҳороти донишҷўёни дар боло зикршуда, комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрўз аст. Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре надорад. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз мо чунин раъю андешаи солим дошта бошанд . Ин аст худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динӣ!

 Бо назардошти масъалаи матраҳшуда, бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкориро минбаъд низ фаъол мекунанд.

Маҳбуба Мамадхўҷаева
сармуалими кафедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ донишкадаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *