Дониш талабу бузургӣ омӯз!

Табрикоти директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба муносибати Рӯзи Дониш

 Ҳамасола санаи 1 сентябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони биҳиштосо яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи Дониш таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён – устодону донишҷўёни гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсили 2021-2022 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш ва тадқиқотҳои илмӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Донишкада фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.

Донишкадаи мо зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва дар баробари дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот то оғози соли таҳсил дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ туҳфаи арзандаи аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ – техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи муосир мебошад. Дар Донишкада 750 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 33 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 103 адад проектор, 80 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ пурра бо Интернети беноқили Wi-Fi пайваст карда шудаанд.

Имрўз теъдоди профессорону омўзгорон 249 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии устодону омўзгорони муқимӣ 84 нафарашон дорои дараҷаи илмӣ (7 доктор ва 77 номзади илм) мебошанд. Аз онҳо 55 нафарашон унвони илмӣ (10 профессор ва 45 дотсент) доранд. Инчунин аз ҳайати умумии устодону омўзгорон 70 нафарашон муаллими калон, 95 нафар ассистентон мебошанд.

Теъдоди умумии муҳассилин 4122 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2462 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи бакалавр (682 нафар духтарон), 152 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи магистратура (44 нафар духтарон), 830 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (367 нафар духтарон), 660 нафар дар низоми фосилавӣ (243 нафар духтарон), дар зинаи докторантура аз рўи ихтисос PhD 18 нафар (2 нафар духтарон) таҳсил намуда истодаанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Донишкадаро 828 нафар, аз ҷумла 11 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд. Соли равон 31 нафар аспирантон, магистрантон ва донишҷўёни донишкада соҳиби идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва Раиси ноҳия гардида, 7-нафар донишҷўён дар Ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар вазифаҳои гуногун иштирок намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўён, ки соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Суҳроб Сатторов, донишҷўи соли сеюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, гурўҳи таҳсил бо забони англисӣ аз фанни забони англисӣ ба дарёфти ҷойи дуюм ва Некрўз Сатторов, донишҷўи соли дуюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон аз фанни назарияи иқтисод ба дарёфти мақоми сеюм мушарраф гаштанд.

Даври шаҳрӣ ва ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» ҷамъбаст гардида, донишҷўёни донишкада сазовори ҷойи 2-юм дар ноҳияи Б.Ғафуров аз фанни география, ҷойи 2-юм дар ноҳияи Айнӣ аз фанни математика дониста шуданд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши шоирӣ донишҷўи донишкада Фирдавс Ўрунов ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.

Донишҷўёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва пешрафти илмӣ-техникӣ» фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа соҳиби як адад дипломи дараҷаи 1, ду адад дипломи дараҷаи 2 ва ду адад дипломи дараҷаи 3 гардиданд.

Аз рўи ҷамъбасти натиҷаи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омўз…» донишҷўёни донишкада дар байни макотибҳои олии кишвар сазовори ҷойи 2-юм аз фанни забони англисӣ ва сазовори ҷойи 3-юм аз фанни назарияи иқтисодӣ гардиданд.

Раёсати Донишкада баҳри тайёр намудани кадрҳои дорои унвон ва дараҷаи илмӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Аз ҷумла, 8 нафар устодони Донишкада рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, илова бар ин, 18 нафар устодони Донишкада муҳокимаи пешакиро бомуваффақият гузашта, барои ҳимояи рисолаҳои худ дар Шўроҳои диссертатсионӣ иҷозат гирифтаанд.

Дар ДИС ДДТТ ҳар як донишҷў имконият дорад, ки 3-4 забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намояд. Барои дар сатҳи баланд омўзонидани забонҳои хориҷӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ташкил карда шудаст.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷўён метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, профессорону устодон, донишҷўён ва кормандони донишкада ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, ҷиҳати таҳкими Ваҳдати миллӣ, баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷаҳду талоши созанда менамоем.

Бо ин орзуҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави таҳсилро ба Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон дастовардҳои нави илмӣ ва фатҳи баланди қуллаҳои илму донишро таманно менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *