Ба ифтихори 25 –умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 01.11.2019 соати 1400 дар толори калони ДИСДДТТ дар доираи маҳфили илмии “Ҳуқуқшинос” озмуни “Донандагони беҳтарини Конститутсия” баргузор гардид. Дар озмун се даста бо унвони Ҳомиёни Конститутсия, Фемида, Адолатпарвар иштирок намуда дастаҳо маҳорату малака ва дониши худро оиди донишҳои конститутсионии худ нишон доданд.
Мақсад аз гузаронидани ин озмун дар сайқал додани донишҳо доир ба меъёрҳои Конститутсия ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он мебошад.
Дар озмун дастаи Ҳомиёни Конститутсия ғолиб омада сардори даста Мирбобоев Абдулмаҷид Мирбобоевич ҳамчун донандаи беҳтарини Конститутсия дониста шуд.