ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд ба Алянси донишгоҳҳои Роҳи Абрешим шомил гардид!

Алянси донишгоҳҳои Роҳи Абрешим ( 丝绸之路大学联盟), (UASR) – ҳамчун иттиҳодияи академии Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мебарад.
Ҳадафи асосии UASR ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамҷавори камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Алянси донишгоҳҳои Роҳи Абрешим зиёда аз 120 донишгоҳҳоро аз 30 давлатҳои ҷаҳон ва 5 қитъаро дар бар мегирад.
Маркази байналмилалии ДИС ДДТТ барои шомил шудан ба ин иттиҳодияи академии Ҷумҳурии Мардумии Чин 7 моҳ корбарӣ намуда, чун натиҷа ба ин рӯз расидем!
Кулли ҳамкасбонро бо ин дастовард муборакбод мегуем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *