ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ РОҒУН

Дар солҳои истиқлолият Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се самти стратегии рушди кишварро муайян намуданд, ки яке аз онҳо роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили эенергетии Тоҷикистон.

Неругоҳи барқии обии (НБО) Роғун  яке аз иншооти муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ буда, он дар таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ мебозад. Он яке аз объектҳои калонтарини гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин нерӯгоҳ бо истеҳсоли «нерӯи сабз» яъне аз ҷиҳати экологӣ яке аз беҳтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.

Нақшаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии (НБО) Роғун соли 1974 тасдиқ гардида соли 1976 сохтмони нерӯгоҳ сар шуд. Сохтмони сарбанди нерӯгоҳ бошад, соли 1987 сар шуд.  Соли 1993 баландии сарбанд ба 40 метр расонида шуд. Аз аввали сохтмон то соли 1993 асосан корҳои туннели асосӣ ва туннелҳои обпартоӣ сохта шуд. Он ки тақрибан 43 фоизи сохтмонро ташкил медод. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ сохтмони нерӯгоҳ қатъ гардид.

Соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Русал”-и Россия шартнома ба имзо расониданд ва соли 2007 бо сабабҳои гуногун фаъолияти онро қатъ гардид.

 Дар соли 2005 Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун иштирок намуда, қайд намуданд, ки «Сохтмон ва ба истифода додани объекти калонтарини стратегӣ имкон медиҳад, ки ба самти таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон такони бузург бахшад».

Мавриди зикр аст, ки НБО Роғун шаш турбинаи (агрегат) 600 мегаватӣ хоҳад дошт ки он дар маҷмӯъ 3600 мегаваттро ташкил дода қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва ғунҷоиши об дар обанбори он ба 13,3 километри мукааб мешавад. Арзиши пурраи ба итмом расонидани неругоҳ ба 3,9 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст. Дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Баландии сарбанди нерӯгоҳи Роғун ба 335 метр баробар мегардад, ки он баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Дар бораи сохтумони НОБ Роғун олимон ва шоирону нависандагон якчанд асарҳо офариданд.

Китоб-албоми «Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун» соли 2013 бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расид. Дар он дар бораи таърихи мухтасари гидроэнергетикаи Тоҷикистон, неругоҳҳои хурд, НБО «Қайроққум», «Бойғозӣ», «Шаршара», «Сарбанд», «Марказӣ», «Норак», «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», «НБО Роғун ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон» ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ маълумот дода шудааст.
Муаллифони китоби мазкур доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Заробиддин Қосимӣ мебошанд.

Бахшида ба ин иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» китоб-албомҳои Сафарзода Хайрулло Амиралӣ

 «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» ки бо забонҳои – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуд. Дар он аз таърихи гидроэнергетикаи Тоҷикистон», «Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон», «Таърихи мухтасари бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Андешаҳои сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон», «Бонки ҷаҳонӣ ва ташхиси лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун» маълумот дода шудааст.

Маҷмӯаи «Нури Раҳмон (Роғуннома)», ки дар соли 2016 ба табъ расидааст ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин маҷмуаи осори шоирону нависандагон: Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Озарахш дар бораи НОБ Роғун дарҷ гардидаанд.

Дар он таърихи мухтасари энергетикаи Тоҷикистон, корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмони НБО Роғун, дастовардҳои истиқлолияти энергетики кишвар, фидокори ташаббускорӣ, илҳомбахӣ ва ташкилотчии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳ, андешаҳои сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳонӣ, ташхисҳо ва хулосаҳои Бонки ҷаҳонӣ мураттаб шудааст.

Инчунин сарнавиштсозу ибтикороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эҳёи сохтмони НБО «Роғун», боздидҳову шиносоии пайвастаи Сарвари давлат аз ин иншооти аср, мулоқотҳои Президенти мамлакат бо роҳбарону намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати «Салини Импраҷило»-и Италия, гуфторҳои Пешвои миллат ва сиёсатмадорону намояндагон ва фаъолони кишварҳои хориҷа дар васфи Роғун оварда шудаанд.

29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин – булдозер маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ шнос гардида, бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир карданд.

Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди неругоҳи барқи обии Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон аст.

Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои кушод бо кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондаанд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзидин Қаҳҳорзода соли 2018 изҳор дошт, ки то охири соли равон бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ 2470,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо 749,2 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия саҳмияҳои Роғун бо маблағи 859 млн сомонӣ аз тарафи аҳолии кишвар харидорӣ шуд.

То моҳи майи соли 2017 барои сохтмону барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот ва соли ҷорӣ ба ин мақсад дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

31.01.2018 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбари пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини мулоқот намуданд. Дар он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Онҳо таъмини иҷрои саривақтӣ ва сифати баланд анҷом додани нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин изҳор намуд: «Имрӯз ба майдони сохтмони Нурӯгоҳи барқи обии «Роғун» рафта,  аз пешрафти кор хеле хушҳол шудам ва ба Ҷаноби Олӣ ваъда медиҳам, ки агрегати якуми НБО Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин санаро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон маънидод карданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар сохтмони НБО Роғун зиёда аз 20 ҳазор нафар сокинони кишвар фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо бонувон мебошанд. Онҳо ифтихорманд ҳастанд, ки дар бунёди чунин иншооти таърихии гидроэнергетикӣ иштирок менамоянд. Инчунин барои Ширкати «Салини Импреҷило» низ  муҷиби ифтихор  аст, ки дар бунёди ин иншооти азим  саҳми худро мегузорад».

Пешвои миллат, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

Неругоҳи барқи обии Роғун яке аз иншооти бузурги энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки ояндаи наздик дар кишварамон истиқлолияти комили энергетикиро таъмин менамояд ва он дар ҷаҳон калонтарин ба ҳисоб меравад.

Қобилов Н. К.,
Иброгимов И. И.,
устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *