Имрӯз дар Тоҷикистон нерӯҳое мавҷуданд, ки метавонанд боиси ташаннуҷи вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва бахусус ҲНИ дар нооромиии мамлакат, тундравию ифротгарои, муташанниҷ гардонидани вазъи ҷомеаи кишвар метавонад таъсири бештари манфӣ дошта бошад.
Фаъолияти ҲНИ усулан ҳатто бо моҳияти дини ислом ихтилоф дорад. Ин ҳизб ба хотири аҳдофи сиёсии худ аз эътиқоду ҳассосияти мардум суистифода карда, ҳамчун аҳзоби динниву гурӯҳҳои мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи неруҳои манфиатҷӯйи байналмилалӣ қарор дорад ва барои ҷомеаи мо оқибатҳои нохуш ва мудҳишро ба ор меорад, чунон ки ин гуна вазъият дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардида буд. Ба ҳадафҳои ғаразноки имрӯзаи ин ҳизб ягон шаҳрванди кишвар розӣ шуда наметавонад, чунки он дастовардҳое, ки ҳоло мардум дорад, бо рехтани хуни ҳазорон нафар шаҳидони бегуноҳ ба даст оварда шудааст. ҲНИ ниқоби исломро ба худ гирифта, байни мусулмонони кишвар низоъ андохтан мехоҳад.
Гарчанде сохтори давлатдории мо исломӣ набошад ҳам дар Тоҷикистон аксарият мусулмонанд ва рукнҳои дини мубини исломро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз он ҷумла рӯзаву намоз, ҳаҷ, мавҷуд будани Донишгоҳи исломӣ, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани Қуръони карим ва дигар китобҳои динӣ, ҷаноза, никоҳ, хатнасур, маросими дафн, мавҷуд будани 4 ҳазор масҷид ва сохтмони калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ барои 50 ҳазор дар шаҳри Душанбе далел шуда метавонад.
Давлати мо тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона эътироф гардидааст. Дунявияти давлат дар он зоҳир мегардад, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, мавқеи дин, масоҷид, ё меъёрҳои дини эътироф гардидаанд, вале идоракунии давлат ва қонунгузорӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ эътибор надорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ сари ин масъала фикру ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст. Ҳатто баъзе олимон низоми давлатдории Эрон, Арабистони Саудӣ, Малазия, Тунис ва ғайраро омехтаи унсурҳои дунявӣ ва динӣ медонанд. Дин ҳамчун ойини муқаддас набояд ба сиёсат вобаста ва омехта бошад. Сиёсатмадорон ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд дин ва рӯҳониёнро барои манфиатҳои сиёсиву ҳизбӣ истифода набаранд ва қурбон насозанд чи хеле, ки имрӯз ин амал дар фаъолияти роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ ба назар мерасад.
Соҳиби дин ва муҳофизаткунандаи он чунон ки дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) омадааст, худи Худованд ва диндорони боимонад. Аломатҳои диндорӣ, чунон ки бо садҳо далел исбот гардидааст, имон, амали нек, омӯхтани илм, эҳтироми волидайн, ибодат, закот, садақа, дур будан аз фитна, нифоқ, зулм, ҷанг ва ғайра мебошад.
Мо бояд дини муқаддаси исломро дар асоси таълимоти Қуръони шариф, ҳадисҳои набвӣ ва андешаҳои олимон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва таълимоти беназир муаррифӣ намоем, на ба он мазмуну мундариҷа ва мақсаде, ки ҲНИ имрӯз таблиғу тарғиб менамоянд.
Шукр, ки имрӯз давлати соҳибистиқлолу Роҳбари закии давлати худ, парчами баландтарин дар дунё ва суруди миллии мутантан дорем. Ҳаётамон орому осудаву зиндагиамон хубтар шудааст. Дар ҷомеа зиндаги кардану ба манфиати шаҳрвандони он кору фаъолият намудан бояд маҳаки асосии зиндагии ҳар як шахси солимақли ҷомеа бошад.
Асс. кафедраи молшиносӣ ва
фаъолиятӣ гумрукӣ
Саидов М.М