Дини мубини ислом – ниёзманд ба ягон ҳизб нест

Ҳаёт, рўзгор оинаест, ки воқеиятро холисона, барҳақ, чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон тавр инъикос менамояд. Аз ҷомеа, рўзгор чизеро пинҳон кардан ғайриимкон, чунон ки дар урфият мегўянд офтобро бо доман пўшида намешавад.

Ҳизбҳои ба ном диние, ки дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо пайдо шудаанд, «Ҳизби таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷамъияти таблиғ», «Ҳаракати Исломии Туркистон», «Ҷундуллоҳ», «Ҷараёни Салафия», «Ҳизби наҳзати ислом» бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияташон  манъ гаштааст.

Таҳлили таърихи мавҷудияти беш аз бистсолаи ҳизби ҲНИ нишон медиҳад, ки он аз ҳалли муаммоҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа дур мебошад. Асосан фаъолияти вай иборат аз содир кардани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта, барангехтани кинаву адовати динӣ, нооромии вазъи сиёсӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳо мебошад.

Ниҳоят, хиёнати ногаҳонӣ ва манфури наҳзатиҳо дар таърихи 16-17 сентябри соли 2015 ҳукумат ва кулли тоҷикистониёнро ба ғазаб овард. Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимият, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ҲНИ М.Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати олии ҳизб, бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода А.М. аз ҳисоби размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон кўшиши ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, хостанд фаъолияти онҳоро зери итоати худ гиранд. Ва муайян шуд, ки мақсади асосии ҲНИ сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор кардани амнияти давлат мебошад.

Муҳаққиқон, пешвоёни дин, олимон зикр намудаанд, ки дини мубини ислом ниёзманди ташкили ягон ҳизб нест. Қуръони Маҷид, ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар таълимоте мебошанд, ки худашон инсонро ба роҳи дуруст, барҳақ, зиндагии шоиста, ба афкору гуфтор ва рафтори нек ҳидоят менамоянд. Дини мубини ислом чун дигар динҳои ҷаҳонӣ инсониятро пайваста ба таҳаммул, тараҳҳум, тавозўъ, баробариву дўстӣ, бародариву адолат, маърифату ҳикмат даъват менамояд.

Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, тағйиру таҳаввулоти босуръати он, тезу тунд гаштани муборизаи идеологӣ, бархўрди тамаддунҳо, вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ, авҷгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ маърифат ва зиракии сиёсии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон аҳамияти бузург касб менамояд.

Дар кулли мактабу донишгоҳҳо вусъати сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати донишҳои гуманитарӣ амри зарурист.

Мирбобоев Мақсудҷон,
профессор, устоди кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *