ДАВИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ОММАВИГАРДОНИИ ВАРЗИШ!

Санаи 21 май дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд​ Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон иштирок намуданд.
Аз ҷумла, дар мусобиқа устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ фаъолона иштирок намуда, дар баробари ҳамаи иштирокчиёни он маҳорати хуби дави худро нишон доданд.
Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, аз кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ идома ёфт. Дар чорабинии варзишӣ беш аз 18 000 нафар иштирок карда, дар охир ба намояндагони фаъоли ташкилоту идораҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. ​ Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ моҳи май гузаронида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *