Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баргузор гардид. Муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Абдуғафур Қаюмов конфронсро ифтитоҳ намуда, аз номи раёсати ДИС ДДТТ ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ устодону донишҷӯёнро табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва ҷавонони худшиносу худогоҳ барору комёбиҳои беназир таманно намуд. Муовини директор оид ба илм ва рушди инноватсия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Далер Мирпочоев тартиби баргузории конфронсро тавзеҳ дода, риштаи суханро барои ироаи маърӯзаҳо ба устодони донишкада дод.

Баъдан маърӯзаҳои устодони донишкада Ш. Қобилов перомуни рушди иқтисоди миллӣ дар замони муосир, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Ф. Турсунов оид ба омилҳои сиёсии пешрафти ҷомеа дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шунида шуд.

Донишҷӯи донишкада Ш. Султонова дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, дастовардҳои аҳли маорифи кишварро бо мисолҳои мушаххас дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дод.

Барномаи фарҳангии донишҷӯён хотири иштирокчиёни конфронсро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *