Дастаи ДИС ДДТТ сазовори мақоми дуюм гардид

Дар қасри варзиши Маҷмааи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд байни дастаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи куҳии металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи намуди футболи хурд мусобиқа баргузор гардид.

Дар кушодашавии мусобиқаи варзишӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов, муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толиб Оқилов ва раисони Кумитаҳои муттаҳиддаи иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок ва баромад намуданд.

Сипас, барои ба даст овардани Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои донишгоҳои вилоят байни ҳам рақобат карданд. Боиси ифтихор аст, ки дастаи ДИС ДДТТ (аз синни 35-сола) боло  дар ин мусобиқаи бонуфуз фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъбасти умумӣ сазовори мақоми дуюм гашт. Мо бо ин дастоварди арзанда дастаи ДИС ДДТТ-ро самимона табрику таҳният мегӯем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *