ДАСИСАВУ НАЙРАНГИ НАВБАТИИ            КАБИРӢ ДАР ШАБАКАИ ӢҶТИМОӢ

Санаи 3 августи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ бадхоҳи миллат Муҳиддин Кабирӣ дар барномаи ифротии Паймони миллӣ.. дар мавзӯи“Оё болои мусалмон ҳамеша бояд як диктотур бошад”” дар бораи вазъи сиёсии кишвари Тунис, демократия  ва харакати Толибон сухан ронда, бо ин роҳ нисбати фаъолияти роҳбарияти олии мамлакат ғайбату тӯхмат  намуд. Дар ҷараёни баромадаш Кабирӣ  худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранги навбатиаш бо мисоли бемантиқу беасосаш кишвари Тунисро мисол оварда, қайд кард, ки аз ҷониби роҳбарият ва масъулини соҳа бинобар саривақт пешгирӣ накардани бемории короновирус “COVID-19″” бештари онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон сабукдӯш шудаанд ва ба ин ҳолат овардани вазъи сисёӣ маҳсули муборизаи мардуми кишвари Тунис маънидод намуд. Баробари ин ҳизбҳое , ки дар қаламравӣ Тунис фаъоляият мебаранд қайд намуда, аз Ҳизби наҳзати ислом қиёс карда, яке аз он Ҳизби наҳзати Тунис номбар намуд. Бо ин сухану намоишкорӣ кас пай мебарад,ки Кабирӣ бо истифода аз фурсати муносиб ва маккории сиёсӣ  мехоҳад аз нав Иттиҳоди неруҳои мухолифин (оппозитсия)-ро дар хориҷи кишвар таъсис бидиҳад ва зиёиёну фарҳангиёни бурунмарзӣ ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро тахти султони худ гирд оварад.

Дар интиҳои баромадаш бо шахсони ному насабаш ба мардуми мо бегона, аз қабили номи Шерҳои Аллоҳ,  суолу ҷавоб намуд. Дар рафти суханронии ин ашхос  бе ягон мушкилӣ фахмидан мумкин аст,ки пешаки ин баромадҳоро шахси масъули хоинони миллат омода намудааст ва он ҳадафи худро дорад, яъне барои масабталошии Кабирӣ он гувоҳӣ медиҳад.

 

Бинобар ин имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Имрӯз ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи  ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк кунанд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Дар интиҳои мақолаи хеш аз ҳар фарди боороу номуси кишвар даъват ба амал меорем, ҳама якҷоя нагузорем, ки минбаъд Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаву найранги навбатиаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон  садо баланд намояд.

 

УМУРОВ Х., ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *