ДАСИСАБОЗИВУ ИҒВОГАРӢ ТО БА КАЙ?!

 

Ҷавоб ба иддаои Кабирӣ дар Радиои Озодӣ

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ дар вохӯрии худ бо кормандони Радиои Озодӣ назари андеша намудааст, ки гӯё интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон “поён”-и гуногунандешӣ бошад.

Бояд қайд кард, ки М.Кабирӣ як шахси иғвогар ва дасисабоз мебошад. Вай дини исломро ба сиёсат омехта карда, тариқи дасисабозиву иғвогарӣ бо истифода аз эътиқодоти мардум ба сари қудрат ояд. Аммо мардуми кишвар зираки сиёсии худро аз даст надодаанд ва фиребу найрангро дарк карда метавонанд.

М.Кабирӣ иддоа кардааст, ки гӯё интихобот поёни гуногун андешӣ бошад, вале бояд инсоф ва чашми бино дошт то аз муваффақиятҳои кишвар сухан кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари демократӣ буда, гуногунандешӣ дар ҳоли рушд аст, на бапоёнрасӣ. Мо гуногунандеширо ба таври озод, ором ва тинҷиву амонӣ мефаҳмем, ки вакилони халқ ҳамдигарашонро ҳурмат мекунанд, ба ҳиссиёти мардум таъсири манфӣ намерасонанд, мардумро мисли ТЭТ ҲНИ ба ҷанги бародаркушӣ ва террор тарғиб намекунанд, майдонҳои иғвогариро ташкил намекунанд ва кишварро ба Сурияву Афғонистон мубаддал намесозанд.

Нуктаи дигаре ки роҳбари ТЭТ ҲНИ гуфтааст, ки вай хостааст номи ҳизбашро иваз кунад, лекин инро бояд донист, ки шахси иғвогар ва дасисабоз сад маротиба номи ҳизбашро иваз кунад ҳам, мисли пештарааш палид хоҳад монд. Мақсади М.Кабирӣ бо кадом роҳ ки набошад ба сари қудрат омадан аст ва ба ин нияташ аз ягон амали бад рӯй намегардонад. Ҳаминро бояд донист, ки мардуми кишвар содда ва беақл нест, ки дидаву дониста чунин шахси иғвогарро тарафдорӣ кунад.

Мардуми кишвар сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба дунё бо дидгоҳи илмҳои замонавӣ назар андӯзем, аз хурофотпараситиву бегонапарастӣ худдорӣ кунем, ба он хоиноне ки аз хориҷи кишвар иғвогарӣ мекунанд зиддияти сахтро нишон дода, Ватанамонро аз душманону хоинон бо овози баланд ва қаламҳои тез ҳимоя кунем.

Бояд ба хотир дошт, дар ибтидои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ маҳз бо “ГУНОГУНАНДЕШB”-и  худ инқилоб ва террорро дар кишвар оѓоз кард. Ин ҳаракат аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ кӯмаки молияву ҳарбӣ ва  идеологӣ гирифта, дар ҷомеа даст ба куштор зад ва бо ин роҳ барои аз байн бурдани давлати навҷавони мустақил кӯшиш кард. Маҳз бо кӯмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷӣ дар симои Ихвон-ал-муслимин”, “Инқилоби исломӣ”, “Ваҳҳобия”, “Салафия” ва ѓайра ин ташкилоти бадкор амалҳои ноинсонаи худро ҷомаи амал пӯшондан хост.

ТЭТ ҲНИ бо кӯмаки молиявии баъзе ташкилотҳои бадхоҳ дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолияти экстремистии худро давом дода истодааст, вале ин хоин ҳеҷгоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад.

Муҳиддин Кабирӣ гуногунандеширо мисли иғвогарӣ, дасисабозӣ ва паҳн кардани нафрат байни мардум мефаҳмад. Умуман дар таърих низ омадааст, ки фанатикҳои динӣ зидди ҳамагуна пешравӣ буданд ва онҳо аз пешрафти кишвар норозӣ буданд. Маҳз М. Кабирӣ барин шахсҳои иғвогару таассуб бисёр буданд, ки олимону нависандагон ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигарон озору ранҷа мекашиданд.

Мо аз он гуногунандешие, ки мардумро ба ҷанги бародаркушӣ тарғиб мекунад, одамонро аз рӯи дину мазҳаб ва эътиқод ҷудо мекунад ва иғвову дасисабозиро дар байни мардум паҳн мекунад, безор ҳастем.

Мо аз он иттилоъ дорем, ки вакилони халқ аз панҷ ҳизбҳои сиёсии қонунӣ дар Парлумон аз ҷониби халқ интихоб гаштанд. Онҳо барои қабули як қонун бисёр баҳсу мунозира мекунанд, фикру андешаҳои гуногуни худро баён мекунанд ва дар натиҷа қонунро ба манфиати давлат ва мардум қабул мекунанд, ки инро мо гуногунандешӣ мефаҳмем.

 

Камолов Ф.А.,

         н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи

                                                                 забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *