ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ГУСТАРИШДИҲАНДАИ ИЛМ ВА МАОРИФ

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки ин зодаи Истиқлол буда, ба ҳукми анъана даромадааст. Бо боварии комил метавон қайд, ки Дарси сулҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густаришдиҳандаи илм ва маориф аст!
Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Воқеан, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват менамояд. Қобили қайд аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи соҳаи илму маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ҳамеша диққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва роҳандозӣ менамояд. Бояд зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мукаммал намудани шароити таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои илмомӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина садҳо иншооти наву замонавии соҳа дар тамоми гушаву канори мамлакат бунёд карда шудааст.
Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара доир гардид. Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои навбатии Сарвари кишвар андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ пайваста аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд. Зимни суханронии хеш Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад.” Илова бар ин, таъкид намуданд, ки вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем”.
Хулоса, баргузории Дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мамалакат таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард. Зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав наметавон ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуд ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намуд.
Ба суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди воқеъаву рўйдодҳо марбут ба илму маориф назар афканем, бо ифтихору қаноатмандӣ қайд менамоем, ки суханронї ва фаъолияти амалии Президенти кишвар ба қалби ҳайати устодону кормандони соҳаи илму маориф роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварї ва самимият ба Сарвари дурбин бештар намудааст. Дар тӯли Истиқлоли давлатӣ мо ба дастовардҳои беназир дар самти таълиму тарбия ноил гардидем, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Таваҷҷуҳ ба сулҳу оромӣ дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон бори дигар андеша намоем. Воқеан, масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замон, бахусус дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад. Насли наврасу ҷавон бояд дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне, сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Дар фарҷоми андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард. Набояд фаромӯш сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Илму дониш барои халқи тоҷик аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Ҳар яки мо бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшем, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.

МАМАДҶОНОВ Ф.С.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *