Санаи 26-уми октябри соли 2021 аз тарафи муаллимаи калони кафедраи назарияи иқтисод Абдусамадова Х.Ғ. дар бинои таълимии №3, толори лексионии якуми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди лексионӣ аз фанни макроиқтисод доир ба мавзӯи “Таваррум ва оқибатҳои он” бо иштироки донишҷӯёни курси 2, гурӯҳи 25010402т, ихтисоси кори бонкӣ баргузор гардид.
Дар раванди дарс тартиби фаҳмондадиҳӣ дар асоси тақсим намудани донишҷӯён ба 2 зергурӯҳ бо номи “Inflation” ва “Deflation”, истифодаи элементҳои бозиҳои интерактивӣ, истифодаи диапроектор, пешниҳоди навор (видеоролик), шарҳи таҳлилҳои оморӣ дар муқоисаи солҳо ва байнимамлакатҳо, инчунин ҳалли масъалаҳо доир ба мавзӯъ ба роҳ монда шуд.
Муаммоҳои таҳлилшудаи мавзӯи дарси лексионӣ бо муайянсозии моҳияти таваррум ва намудҳои он, сабабҳои пайдоиши таваррум ва оқибатҳои он, алоқамандии байни ҳаҷми пул дар муомилот ва сатҳи умумии нархҳо алоқаманд будаанд.
Дар дарси мазкур сарнозири шуъбаи мониторинг н.и.и., дотсент Абдуллозода Н.Р., муовини декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Қосимова М., мудири кафедра дотсент Бобоев Ғ.Ғ., дотсенти кафедра Маҷидов А., устодони кафедра Ғафурова Ф. К., Фаёзова М. А., Нурматова С. Н., Абдуллоева М. Н. ва сарлаборант Холбоева М.А. ширкат варзиданд.