ДАРСИ КУШОД «НАРХГУЗОРИИ АСЪОР ВА НАМУДҲОИ ОН»

Дар ДИС ДДТТ бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли дарсгузаронӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, сатҳи касбияти устодон, инчунин истифодаи мақсадноки технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси кафедраҳои донишкада мунтазам дарсҳои кушод доир мегардад.

Ин навбат бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз дарси намунавии КМРО аз фанни танзим ва назорати асъор дар мавзӯи “Нархгузории асъор ва намудҳои он” гузаронида шуд. Дарси кушодро санаи 28.02.2019 муаллимаи калони кафедра Абдуҳамидова Гулбаҳор Мансурҷоновна дар курси 3-юми  ихтисоси кори бонкӣ доир намуд.

Дар дарс донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, тариқи слайд корҳои мустақилонаи худро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла мафҳумҳои таносуби қобилияти харидорӣ, усули нархгузории мустақим ва ғайримустақим, нархгузории расмӣ ва озод, қурби асъори сабтшуда, қурби кросс, қурби асъори озод, қурби хариду фурӯш ва ғайраҳо батафсил шарҳ дода шуд.

Дар тахтаи синф вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби донишҷӯён масъалаҳо ҳал карда шуданд, ки аз истифодаи усули фаъоли таълим далолат медиҳад.

Тариқи видеодарс доир ба танзими нарх дар бозори истеъмолӣ, инчунин болоравии қурби асъор ақидаи коршиносон намоиш дода шуда, донишҷӯён пас аз тамошои навор омилҳои таъсиррасони ин масъала ва роҳҳои ҳалли муаммоҳо вобаста ба танзими қурби асъор ва нархи маҳсулот дар бозори истеъмолиро баён доштанд.

Ҳамин тариқ, муаллимаи калон Абдуҳамидова Гулбаҳор вақтро самаранок истифода намуда, дарси намунавиро бо истифода аз усули фаъоли таълим доир намуд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *