Давлати соҳибистиқлоли тоҷик, диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, миллати бофарҳанг, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба Ватан мебошад. Ин маконест, ки на танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо иқомат менамоянд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ аз Пешвои муаззами миллати тоҷик мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки таи солҳои охир бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллати Тоҷикистон ватани азизи мо боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.
Бадбахтона бархе аз кӯрдилону носипосон сарфи назар аз ин неъматҳо аз ин ҳаёти хушу хурраму озоди мардуми мо, ҳар гуна амалҳои нангин ва ифротиро анҷом медиҳанд. Нахзатиҳои кӯрнамак, ки худ ба қадри ин мустақилият ва ваҳдати миллии кишвари моро нодида гирифта бо ҳар гуна дасисабозиҳо миёни мардуми миллат шӯру иғво ангехта истодаанд.
Вале хушбахтиовар он аст, ки мардуми босаодати миллати мо бо якдиливу якзабони дар пайравии Пешвои миллат барои пешравии миллати азизамон талош меварзанд. Ин аст, натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар, ки ҳадафҳои нопоки мухолифон ҳамеша барбод рафтаву бесамар мемонад. Зеро халқи тоҷик бо якдиливу якзабонӣ алайҳи ин наҳзатиҳое, ки имрӯз паи милати мо ҳар гуна ахбороти дурӯғу пур аз воҳимаро паҳн карда, ба ақидаи мардум таъсир расониданӣ мешаванд. Ин амал баръакси ҳолат худи онҳоро ба кӯи навмедӣ бурда истодааст. Зеро миллате, ки мардумони он бохираду боақл бошанд, намегузоранд, ки онро ба мисоли Кабирӣ барин номардони замон ба арсаи нестшавӣ баранд.
Ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.
Азимов А.,
доктори илми иқтисод, профессор