Дар ҷаҳони имрўза яке аз хатарҳои воқеӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад, ки дар як қатор давлатҳои дунё, бахусус дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон нооромиву ҷанг идома дорад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав, бахусус собиқ ҲНИ, ки алҳол бо номи «Паймони миллӣ…» дар Аврупо фаъолият дорад,ин вазъияти баамаломадаро истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кўшиш дорад дар нооромиии мамлакат, муташанниҷ гардонидани вазъи ҷомеаи кишвари мо таъсири бештари манфӣ дошта бошад. Имрӯз дар симои Кабирию як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳони миллат ба мисоли Муҳаммадиқболу Беҳрўз мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» чи тавре ки дар урфият мегўянд обро лой карда, моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарон дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. Умуман дар симои наҳзатиҳо,бахусус Кабирӣ танҳо бадхоҳони миллатро мебинем.
Дар фарҷоми мақолаи хеш қайд менамоем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш набояд фаромӯш кунанд, ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд. Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд.
Д.ҶОННАЗАРОВА , устоди ДИС ДДТТ