ДАР РОҲИ АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ МУТТАҲИДУ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир ҳаракату гурӯҳҳое ба вуҷуд омадаанд, ки бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳкиру туҳмати роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Дар ҳоле, ки кишвари мо дар оғози мустақилияти хеш бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳисороти бузурги ҷониву молиро аз сар гузаронид, ки то имрӯз он ҷанги бародаркуш ба вазъи иқтисодию иҷтимоии мо таъсири худро расонидааст. Таассуровар аст, ки дар марҳилаи кунунӣ, ҷойи он, ки мо бояд давлати милии худро комил сохта, аз ҳар ҷиҳат пеш равем ва дар муттаҳидӣ кишвари хешро ба як давлати пуриқтидору рушдёфта мубаддал гардонидан, байни худ тухми ноиттифоқӣ андохта, барои манфиатҳои шахсӣ манфиати милливу умумудавлатии худро мадди назар месозанд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар тамоми мақолаҳои интишорнамуда,сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Чизе барои беҳбудии халқ ва давлати Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст. Аз ин бармеояд, ки онҳо танҳо хусумати шахсӣ доранд, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт дорад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ТТЭ ҲНИ ,Гуруҳи -24 ва дигар равияҳои ифротӣ мебошанд, ки дар кишварҳои Аврупо имрӯз маскан гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ба сӯйи миллату давлату санги маломат мезананд. Баробари ин, мутаассифона, имрузҳо бархе афрод ба ин ҳаракату гуруҳҳо тақлид мекунанд. Чунончӣ навиштаҳои бемуллифе аз номи сокинони деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар сомонаи ифротӣ «Ислоҳ.нет» мебошад, ки дар онҳо ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбати имомхатибу кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва масоили замину муноқишаҳои марзӣ ва умуман аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад. Таъкидан қайд менамоем, ки бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намуда, ба сохторҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ муроҷиат кардан ба манфиати кор аст. Ҳамзамон, як бор аз худамон суол кунем, ки ба ин миллат, ба ин сарзамин, ба ин давлат ҳамчун як шаҳрванд чи хизмате кардаем. Агар ба ин савол посухи дуруст ёбем, сипас ба фаъолияти дигарон баҳогузорӣ кунем.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд кардан зарур аст, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабул гардидани ташаббусҳои созандаи давлат, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфуз ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон бешубҳа собитгари онанд ,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири рушду созандагӣ қарор дошта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти бештару ҷиддиро тақозо менамояд, ки дар роҳи амалисозии ҳадафҳои бузурги миллӣ ва давлатсозӣ муттаҳиду саҳмгузор бошем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *