Дар набарди зиндагию марг ҳастӣ посбони зиндагӣ

Инсон дар зиндагӣ ҳамеша дар лобалои хатар қарор дошта, солимии ӯ осебпазир аст. Аз ин ҷиҳат ҷойгоҳи пизишкӣ ҳамеша дар ҷомеа вижа маҳсуб меёфт ва соҳибони ин касб аз обрӯ ва эҳтироми хосаи аҳли ҷомеа бархӯрдор буданд ва бархӯрдор ҳастанд.

Табибон дар ҳамаи давру замон новобаста аз навъи ҷомеа ва сохтори сиёсии мавҷудаи он дархӯри ниёзи баланди иҷтимоӣ будаанд ва ҳатто ғурурмандтарин шахсиятҳои сиёсӣ ба онҳо эҳтиёҷ дошта, назди эшон рӯи ниёз бурдаанд.

Дар баробари муҳиммияти касби пизишкӣ ҳанӯз аз аҳди қадим шахсияти табиб ва ахлоқи он низ мавриди баррасӣ будааст. Ҳанӯз аз замони қабл аз солшумории мо дар даврони Гипократ (460 -370 то мелод) яке аз поягузорони илми тиб, табибу ҳакими юнонӣ масъалаи ахлоқ ва шахсияти табиб мавриди баррасӣ гардида, ӯ вижагиҳои касби пизишкиро дар шакли савганди Гипократ ба низом даровард ва тамоми шогирдони хешро даъват кард, то ба ин қасам содиқ бимонанд.Чунин ба назар мерасад, ки дар шаклгирии ахлоқи касбӣ ҳам пешаи пизишкӣ дар саргаҳи ин раванд қарор мегирад. Ин савгандро ба тарзи умумӣ метавон ба нуҳ меъёри ахлоқиву вазифавӣ тақсим намуд:

– вазифадор будани табиб назди устодон ва шогирдон, ки аз устодон донишу сабақ мегирад ва таҷриботу усули онҳоро дуруст ва самаранок истифода менамояд ва бо шогирдон донишу таҷриботи дурустро ироа медиҳад;

– принсипи зарар наовардан ва бадӣ накардан ба бемор (набояд ҳеҷ гоҳ пизишк дар сар ҳавои зарар овардан ва ё бадӣ карданро дар баробари бемор бияндешад);

– вазифадор будан дар назди бемор, ки тамоми донишу маҳорати хешро дар ин роҳ истифода менамояд ва ин принсипи раҳмдилӣ, гуманизм ва ахлоқи баланди инсониро риоя менамояд;

– принсипи хайрхоҳ будан дар нисбат ба бемор ва бештар дар назар доштани манфиати бемор нисбат ба манфиати хеш;

– принсипи эҳтиром ва садоқат ба зиндагии фард ва худдорӣ намудан аз муносибати инкори ҳаёт ё аз он маҳрум намудан;

– принсипи эҳтиром ба зиндагӣ ва худдорӣ намудан аз исқоти ҳамл;

– аз ҳама гуна ҳисси шаҳвонӣ мепарҳезад ва аз ин гуна муносибат худдорӣ меварзад;

– пайваста донишу таҷрибаи хешро такмил медиҳад;

– нигоҳдошти асрори тиббӣ (принсипи конфиденсиалӣ).

Ин маънии онро дорад, ки бемор ба табиб, ба шахсе, ки онро намешиносад, бовар менамояд ва ҷони худро ба ӯ амонат мегузорад. Пизишк аз назари ахлоқӣ фарди пешрафта ва инсони комил аст ва ҳамаи сирри ӯро нигоҳ медорад ва ба ӯ хиёнат намекунад.

 

Муҳтавои ин савганд бозгӯи он аст, ки ҳанӯз дар аҳди қадим ахлоқи пизишк ва шахсияти он ҳамчун як инсони комил ва зарурӣ, ки мардумон ба он бовар мекунанд ва ӯро ҳамчун нафари инсондӯст, ҳаётбахш ва мушкилосонкун эътибору эҳтиром бахшидаанд. Ҳамин аст, ки пизишкон ҳамеша дар ҳолати маризиву аз даст додани солимӣ барои ҳар фард шахси шифобахшу мушкилосонкун ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳамеша ҳампаҳлуву ҳамроҳи мардумон дар ҳама ҳолати душвор буданд. Имрӯз ҳам дар саросари ҷаҳон барои рафъ намудани хатари коронавирус – COVID-19 пизишкону олимони соҳаи тиб фаъолияти густурда доранд. Дар кишвари мо низ аз замони пайдоиши ин беморӣ пизишкон чун қаҳрамонони ҳақиқӣ тамому кӯшишу имконияти хешро ба харҷ дода, барои ҷони ҳар нафар мубориза мебаранд. Ҳатто ҳолатҳое ҳам шудааст, ки пизишкон ба хотири наҷоти ҳамватанони хеш худро олудаи вирус намуда, қаҳрамонона ҷони хешро аз даст додаанд. Ин ҳолат бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо манфиати мардум, яъне солимии халқро аз ҳама чиз боло медонанд. Устод Лоиқ табибонро чунин ситоиш кардааст:

 

Эй табиби ҳозиқи ман!

Дар набарди зиндагию марг ҳастӣ

посбони зиндагӣ.

Дар ҷидоли умрҳо ҳастӣ ту ҷони

зиндагӣ.

Ҳам зи модар, ҳам зи ту бошад

давоми наслҳо,

Ҳам зи модар, ҳам зи ту поянда

номи наслҳо…

Эй табиби ҳозиқи ман!

Бе ту душвор аст аз модар ба

дунё по ниҳодан,

Бе ту душвор аст дар паҳнои дунё

пар кушодан.

Бе ту душвор аст осон ҷон супурдан,

Бе ту душвор аст мурдан!

Ин рӯзҳои сахту душвор ҳам мегузаранд, яқин аст, ки башар дар баробари ин вирус бо кӯшишу ҷоннисории табибону донишмандон пирӯз хоҳад шуд, вале ҷонбозиву қаҳрамонии табибони ҳозиқи Ватан аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд. Воқеан, хидмати қаҳрамононаи онҳоро дар чунин рӯзҳои мушкил мардуми кишвар фаромӯш нахоҳанд кард, ҳамеша онро арҷ хоҳанд гузошт.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *