Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, зикр намуданд, ки «шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми инчунин ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.
Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои ТТЭ ҲНИ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».
Мутаассифона, имрўз бархе аз ҷавонони ғофилу гумроҳзада ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва ваҳдатгарои ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ҳизби мамнўгаштаи ҳизби наҳзати ислом афтода, бо сипар кардани номи ислом зидди ҳамватанону ҳаммазҳабони худ мубориза мебаранд.
Ҳарчанд Истиқлолиятӣ давлатӣ майдони фарохеро барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст.
Ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгаро, на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. Намунаи ин, фаъолияти ҳизби мамнўъ гаштаи ТТЭ ҲНИ буд, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз пастии сатҳи маърифати динии мо муддате фаъол гашт. Онҳо чун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа худро ҷилвагар намуда, твадриҷан сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, толибилмон, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Суханрониҳо ва баҳсу мунозираҳояшонро дар фитаҳо сабт намуда паҳн мекарданд. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои сулҳу ороми кишвар аён гардид. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳои динӣ, баҳсу мунозираҳои динӣ зиёд ба чоп мерасиданд. Масъала то ҷое расид, ки таъқиби шаҳрвандон аз рӯи мансубияташ ба дину мазҳаб шурўъ гардид, беқурб гардонидани арзишҳои миллӣ – фарҳангӣ, ворид намудани тафриқа дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шуғли муқаррарӣ гардид. Ин раванд ба тезу тунд гардидани фазои иттилоотии кишвар ва аз ҳама муҳимаш халалдор гардидани амнияти кишварро ба миён овард.
Ҳодисаҳои зиёдшавии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ зиёд гардид. Ин қазия бисёр ташвишовар буд, зеро он манбаи асосии муташанниҷ гардидани вазъият дар ҷумҳурӣ гардида буд ва он аз думболи худ мушкилоти дигареро ба мисли зиёд гардидани истеҳсол, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир, муҳоҷирати зиёиён ва мутахассисони варзида ба кишварҳои Руссия, Қазоқистон ва ғ. амри воқеӣ гадид, ҳаракатҳои ифротгароию бунёдгароёна қувват мегирифт.
Хушбахтона аз тарафи давлат ва мақомоти қудратии кишвар пеши роҳи фаъолияти ҳама гуна ҷараёнҳои ифротгароию бунёдгароёна гирифта шуд. Он барои таъмини сулҳу суботи минтақа бисёр муҳим арзёбӣ мегашт. Ёдовар шудан ба маврид аст ки, ки ҷанг дар дохили як кишвар чанде давом ёбад ҳам, аз ҳудуди он метавон берун барояд ва минтақаҳои дигарро ба гирдоби худ кашад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки фаъолияти дастҷамъонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт бошад, то тавонад бо барномаи амиқи худ фаъолияти ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароию тундгароёна гирифта шавад.
Шаҳрвандон ба дин эҳтиром мегузоранд ва мартабаву мақоми он дар Конститутсия муайян карда шудааст, Барои мо муҳим он аст, ки ба осоиштагӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа тақвият бахшида шавад.
Мавриди зикр аст, ки имрўзҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзўи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сўҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо ТТЭ ҲНИ аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, сабаб ва омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурўҳи террористӣ мавзўъҳои меҳварии ин мулоқотҳо мебошанд.
Баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб ба падару модарон, аҳли ҷамоатчигӣ, масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа зарур аст, ки дар масъалаи мазкур бетараф набуда, ҳамеша дар ҳимояи манфиати миллат ва давлати худ бошанд. Ҳамаи аъзоёни ҷомеа бояд масъулиятро ҳис намоянд ва баҳри пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб саҳми босазои худро гузоранд.
Мунавварова Дилором., Турсунов Фаррух,
омўзгорони кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ