ДАР ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДДТТ 64 НАФАР ХАТМКУНАНДАГОН САЗОВОРИ ДИПЛОМИ АЪЛО ГАРДИДАНД

 64 нафар хатмкунандагон сазовори дипломи аъло гардиданд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Чорабинии тантанавиро директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид кард: «Ҳамаи мо хуб медонем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардидааст. Воқеан ҳам ҷавонон ояндаи миллат ва неруи созандаи ҷомеа буда, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Мо бо ҷавонони бо нангу номус ва донишҷӯёни босаводу мутахассисони варзида ифтихор менамоем».

Соли равон 442 нафар донишҷўёни шўъбаи рўзона, 86 нафар магистрон ва 447 нафар донишҷўёни шўъбаи ғоибона донишкадаро хатм намуданд. Шумораи умумии хатмкунандагон дар соли хониши 2016 – 2017 ҳамагӣ 1057 нафарро ташкил дод.

Аз ин теъдод 64 нафар хатмкунандагон сазовори дипломи аъло гардиданд.

Сипас, хамткунандагон ба сухан баромада, таасуроти хешро аз таҳсил дар донишкада ва нақшаҳои ояндаи ояндаашон иброз доштанд.

Чорабинӣ дар фазои озод, идона ва пур аз меҳру шодӣ ба анҷом расид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *