ДАР ДИС ДДТТ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲРО ҶАШН ГИРИФТАНД

Дар ДИС ДДТТ Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ҷашн гирифтанд

Дар радифи садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд 1-уми сенябр соли нави таҳсили 2017-2018 оғоз гардид.

Чорабинии идонаро ба муносибати соли нави таҳсил директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф ифтитоҳ карда, ҳайати васеи меҳмонон профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин Рӯзи фарунда табрик гуфт. Мавсуф зимни табрикоти хеш ба чанд нуктаи муҳим таъкид дошта, аз ҷумла баён дошт: «Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд».

Баъдан донишҷӯён дар васфи Ватан, илму дониш ва ободиву осудагии ҷомеа шеъру сурудҳо хонда, бо рақсу саҳнаҳои дилошӯб чорабиниро ҳусни идона бахшиданд. Пас аз итмоми чорабинии ифтитоҳӣ аҳли профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ба толорҳои бо телевизорҳо муҳайёгардидаи таълимгоҳ нишаста, Паёми , Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бахшида ба Рӯзи дониш ҳангоми ифтитоҳи бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат иҷро карда буданд, шунавиданд.

Ҳамин тариқ, дар ДИС ДДТТ Рӯзи дониш ва дарси сулҳ хотирмон баргузор гардида, бо нерӯи тоза ва мақсадҳои созанда ба соли нави таҳсил оғоз бахшида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *