ДАР ДИС ДДТТ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 20-уми май дар ДИС ДДТТ маҳфили илмӣ-адабии «Давлат, Президент, ҷавонон» баргузор гардид. Дар маҳфил сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., ҳайати профессорону устодон, гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд аз ДИС ДДТТ ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Маҳфилро директори Донишкада Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, ҷавонони муассисаро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод ва пайравии кулли донишҷӯёни ДИС ДДТТ-ро аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва сиёсати давлатии ҷавонони Ҳукумати мамлакат, баён намуд.
Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода суханронӣ карда, табрикоти Раиси вилояти Суғдро бахшида ба Рӯзи ҷавонон ба устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ қироат намуд.
Баъдан, ба як зумра устодону донишҷӯёни фаъоли Донишкада, ки корҳои назарраси илмиву таълимӣ анҷом додаву дар олимпиадаю озмунҳои илмиву адабӣ ҷойҳои ифтихориро касб кардаанд, бо сипосномаву, диплом, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Гулчеҳра Зарипова дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон» ва донишҷӯи курси 2-юм Шоҳин Асроров дар мавзуи «Мо-ҷавонон терроризму экстремизмро маҳкум менамоем!» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангиву адабии маҳфил донишҷӯёни Донишкада дар васфи Тоҷикистон, Пешвои миллат, модар, ҷавонӣ ва зиндагии босаодат шеъру сурудҳо иҷро намуда, бо рақсу алфози дилнишин хотири ҳозиринро болида сохтанд.
Ҳамин тариқ, маҳфил дар фазои ҳамгироӣ ва суруру шодмонӣ ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *