ДАР ДИС ДДТТ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД.

Санаи 26-уми май дар Донишкада бо хатмкунандагони курсҳои тайёрии ДИС ДДТТ ба имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор карда шуданд.
Дар оғози имтиҳонот директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., намояндаи бахши минтақавии ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, муовини директори ДИС ДДТТ оид ба таълим Шуҳрат Машокиров иштирок ва суханронӣ намуда, ба шунавандагони курсҳои тайёрӣ ҷиҳати омода гардидан ба марҳилаи асосии имтиҳоноти ММТ маслиҳатҳои муфид дода, комёбиҳо таманно намуданд.
Имтиҳонот аз рӯи чор кластер (ғайр аз кластери 5-ум) ташкил карда шуда, он тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Шаффофияти имтиҳонот ба пуррагӣ таъмин гардида, натиҷабардорӣ карда шуд.
Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонот ба хатмкунандагони курсҳои тайёрӣ аз ҷониби Директори ДИС ДДТТ Ҳомид Ҳошимзода гувоҳномаҳо супорида шуданд. ДИС ДДТТ ҳамасола дар курсҳои тайёрӣ довталабонро хуб омода менамояд, ки дар онҳо устодони ботаҷриба барои омода шудани хатмкунандагон ба имтиҳоноти ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои самарабахш мегузаронанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *