Терроризм вожаи лотинӣ буда, яке аз шаклҳои даҳшатафканӣ бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда ва ғайра мебошад, ки дар ҷаҳони муосир доим дар тағйирот аст.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, тарсу ваҳм андохтан ва куштор амалӣ намоянд. Имрӯз дар дунё ҳаргуна гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз надонистани қонун, дониши пасти сиёсӣ, хурофотпарастӣ ва паст будани вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода намуда, онҳоро баъзан ба содир кардани амалҳои террористӣ ҷалб менамоянд.
Амалҳои террористие, ки рӯзҳои охир дар Фаронса рӯй доданд ва амали террористие, ки боиси сукути ҳавопаймои Россия гардида, садҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум ва садҳо оилаи бегуноҳро ба ғаму андӯҳ гирифтор карданд, тамоми мардуми сулҳпарвари дунёро ба ҷунбиш оварданд.
Чи тавре, ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзат ва сарвари он ҳамчун пуштибони молиявии гурӯҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ӯ барбод рафтанду ӯ аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрӯз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони нав» ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда қайд намуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.
Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХI имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.
н.и.ф., омузгори калон Тоҳирова М. Б. ва
н.и.п., омузгори калон Манонова Р.А.