ДӮСТӢ БОЯД ҶОВИДОН БОШАД, ВАЛЕ…

Солҳои тӯлонӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қиргизистон чун бародарон кору фаъолияти мекарданд ва масъалаи марзу бум вуҷуд надошт. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ байни ҳамсоякишварҳо масъалаи марзу бум ба вуҷуд омад. Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд, ки моҳи апрели соли 2021 дар сарҳади минтақаҳои бо Қирғизистон ҳамсоя ноҳияҳои Исфара, Б. Fафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар он аз ҷониби ҳарду тараф талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Монади ин ҳодиса боз сар зад. Тибқи расонаҳои хабарӣ бегоҳии 27 январи соли 2022, тахминан соатҳои 17:20 ба вақти маҳаллӣ гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистона бе ягон асос шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо автомашинаи худ рег мекашонд, боздошт намуда, тақиру таҳдид ва ниҳоят ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифт. Барои ҳалли ин қазия аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара ва вилояти Суғд вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд, вале бо сабабҳои номаълум аз ҷониби намояндаи Қирғизистон ба мулоқот наомада, тақрибан соатҳои 18:10 ба вақти маҳаллӣ аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаронӣ намуданд, ки боиси марги 2 сокини осоиштаи ноҳияи Исфара гашта, чандин нафарон захмӣ гаштанд. Боз сарҳадбонон ва аҳолии наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистонро чун ҳодисаҳои қаблӣ иғвогарӣ намуда, тухми кинаву адоват кошта истодаанд, ки туҳмату ғайбати навбатӣ аст. Баробари ин ҳавопаймоҳои бе садрнишинашон бошад сарҳади ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, парвозҳо доранд. Бояд зикр кард, ки барои ҳалли қазия, ки дар давоми соли охир якчанд маротиба рух дода истодааст, гуфтушунидҳо дутарафа давра ба давра гузаронида шудаанд. Умед дорем, ки масоли мазкур бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро меёбад
Дар фарҷоми андешаи хеш менамоем, ки ҳамсояи дӯсту бародар набояд бо сабаби ночиз байни ҳам оташфишонӣ намуда, оқибат фарзандон ятим монанд. Бе ин ҳам аз сабаби хуруҷи бемории сироятии кроновирус дар кишварҳои ҷаҳон чандин миллион нафар ҳамарӯза гирифторшуда, ҳазорҳо нафар аз ин беморӣ қурбон шудаанд.
Мо хоҳоҳони онем, ки байни тоҷику қирғиз дӯстӣ бояд ҷовидона бошад!

АБДУРАШИДОВА М.А.,
ассистенти кафедраи ҷомешиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *