Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО

Санаи 3-юми декабри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО (ВИЧ СПИД) аз тарафи кафедраи молия ва қарз факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ниязматова Азиза Мирзораҳматовна – мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ВНМО дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Роҳҳои гузариши бемории ВНМО (ВИЧ СПИД) ва пешгирии он”, Мадаминова Адолат Анваровна – мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солими Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Нақши иммунизатсия дар тақвиятбахшии солимии аҳолӣ” ташриф оварда, бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Инчунин аз тарафи ассистенти кафедраи молия ва қарз Ибодуллоева Ф.Д. маърӯза дар мавзӯи “Таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ” хонда шуд.
Дар рафти чорабинӣ натиҷаи озмун байни донишҷӯён оид ба омода намудан ва муаррифии “Беҳтарин рӯзномаи деворӣ”, бахшида ба мубориза алайҳи ВНМО (ВИЧ СПИД) баргузор гардид ва ба гурӯҳҳои ғолибгашта дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 бо тӯҳфаҳои хотирмон мукофотонида шуд.
Баҳри болида гардонидани табъи нишастагон саҳнача, сурудхонӣ ва викторина пешкаш карда шуд.

IMG_1753
IMG_1750
IMG_1773
IMG_1778
IMG_1783
IMG_1785
IMG_1812
IMG_1815
IMG_1819
IMG_1826
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *