ЧЕҲРАИ МАНФУРИ МУҲАММАДИҚБОЛИ СУХАНБОЗ АЁН АСТ!

                                       

Имрӯзҳо дар ҳар ақсои ҷаҳон ҳаводисҳо рух медиҳанд ва тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Бохабар ҳастем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Вале кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумла, яке аз кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари Афғонистон аст. Ин ҳолатро афроди аз сиёсат дуру бефарҳангу хоинони миллат ба манфиат худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “сиёсатшинос” вонамуд карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодаанд. Чунончӣ, яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини фирорӣ дур аз ватан истода, бо маслиҳати Кабирӣ тариқи барномаҳои ифротии “Пайванд” ва ”Минбари муҳоҷир” мунтазам баромадҳо баргузор менамояд. Мо қаблан бо санаду далел ва мисолҳои амиқ амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин ибрози андеша намуда будем.  Таъкидан  боз қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке  аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд. Баромади навбатии М.Садридин дар ҳафтаи дуюми моҳи октябри соли равон, дар атрофи масоили  баҳси сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ва омодабошии низомиён  сухан намуд. Аз ӯ пурсида мешавад, ки чун дигар шаҳрвандони кишвар ӯҳдадории ҳарбиро дар назди Ватану миллат адо намудааст? Ба суол ҷавоб додан душвор нест! Хонандаи закӣ инро медонад. Пас афроде, ки дар ягон қисми ҳарбӣ ,умуман хидмат накардааст, аз куҷо масъалаи омодабошии низмиро донад?! Такроран ба Муҳаммадиқбол гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, доир ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ”амалҳои хиёнаткоронаи пайрравони ТТЭ ҲНИ  тасдиқи худро ёфтааст, ёдовар шуда, андеша намояд!

           Бояд қайд кард, ки ҳар кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси Муҳаммадиқбол пай мебарад, ки ӯ дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллату кишварамон беасос дасисабозитву хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин дигар коре надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози дурӯяи бешараф барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода,  барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!

    Ф.ҚУРБОНОВ ,

мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *