Дар давраи сар задани пандемияи COVID-19, ки тамоми давлатҳои дунёро ба ташвиш овардааст, хоинони Ватан, террористону ифротгароён тинҷиву оромии кишварро халалдор кардан мехоҳанд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ хатарҳои ифротгароӣ ва тундгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма мардумро ҳушдор медиҳанд. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ, тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ (профилактика) ва ахбори омма (ВАО) сурат гирад. Дар робита ба ин, мубориза бар зидди ҳамагуна равандҳои номатлуби ҷомеа тавассути системаҳои ахбори ҷаҳонӣ бояд доимӣ бошад.
Барои содир намудани амалҳои террористӣ шахсони алоҳида ба ҳар роҳу васила ба таркиби мақомоти гуногун дохил гардида, барои амалиёти террористӣ замина тайёр мекунанд. Инчунин, барои дар амал татбиқ кардани амалиёти онҳо пойгоҳҳои низомии махсус, анборҳои аслиҳа дар давлатҳои гуногун, фирмаҳо, созмонҳо, бонкҳо ва фондҳои хайрия ташкил карда мешаванд. Терроризми байналхалкӣ баъд аз солҳои 60- уми асри ХХ дар давлатҳои алоҳида ҳамчун гурӯҳҳо ва ташкилотҳои махсус амал кардааст. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 500 ташкилоти террористӣ амал дорад ва аз соли 1968 то соли 1980 зиёда аз 6700 амали террористӣ содир шудааст, ки дар онҳо 3668 нафар ҳалок ва 7474 нафар захмӣ гардидаанд. Фаъолияти созмонҳои иртиҷоии мазҳабӣ ба тараққиёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Терроризм воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои доимамалкунандаи гурӯҳҳои ифротгаро буда, ба иншоот, корхонаҳои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо ва марказҳои савдо бештар хисорот мерасонад.
Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, махсусан, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ бояд тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои тарғиботии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон таъсири зиёд расонида истодаанд. Ҷавонон бояд аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи ин муқаддасот ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Бо ин мақсад, аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонун ва санад, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ, соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти кишвар вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ мениҳад, сиёсати иқтисодӣ бештар равишҳои мусбатро фаро мегирад. Ҳамагон бо хубӣ эҳсос мекунанд, ки чӣ тавр Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани зиндагии сазовори онҳо талош меварзад.
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати давлатӣ ва хориҷии худро барои ояндаи дуру наздик тарҳрезӣ намудааст ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ пеш меравад.
Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми кишвар, фарзандони бонангу номуси Ватан тавонист корҳои бузурги созандагиву бунёдкориро анҷом диҳад.
С. Раҳматзода