ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР СОЛҲОИ ОХИР

Ба наздикӣ мактуби кушоди донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд ба раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ оиди ходисаҳои Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои исломиро хондам. Дар он аз facebook.com огоҳ гардидани ҷавонони маърифатпарвари кишварамон оид ба вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо гуфта шудааст. Дар ҳақиқат истиқлолият ба халқи заҳматкаши тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо бояд ҳамаи дастовардҳо ва боигарии кишварамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҷиҳатҳои мусби ва манфии худро дорад, кишварҳои абарқудрат мехоҳанд, ки дар тамоми дунё доро бошанд ва бо ин мақсад халқҳои миёна ва хурдро кӯшиш менамоянд, ки аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардоранд. Вобаста ба ин баъзе ҷавонони кӯтоҳандеша ба гуфтаҳои онҳо бовар карда,ба ин груҳҳо шомил мегарданд.

 Албатта ин ба ҷомеа зарари калон мерасонад. Ҷомеаи муосир ҳис карда истодааст, ки дар замони ҳозира аз демократия истифода бурда, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) ба равияи радикалӣ шомил шудааст. Халқи Тоҷикистон талаб дошд, ки фаъолияти ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо манъ карда шавад. Яке аз далелҳои он ин дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ фаъолияти ҲНИ ноаён аст. Масалан: ба ҳифзи иҷтимоии камбизоатон ва ятимон мадади ҳизб ноаён буда, ҳатто дар идҳои миллии аҷдодиамон ба монанди Иди Рамазон, Иди Қурбон, Иди Наврӯз кӯмакҳо ба ғайр аз корхонаҳо, соҳибкорон, шахсони саховадманд, ҲХДТ ва масҷидҳои ҷомеа дида мешаваду халос. Аз дигар тарафт аҳли ҷомеа огоҳ аст, ки бо ном ҳизбиёни ҲНИ (агар онҳо бошанд) гӯё ба манфиати халқ кор мекунанд, дар амал бошад, корҳои ба мазҳаби Имоми Аъзам мухолифро иҷро мекунанд.Масалан мавқеи занро ба дараҷаи пасттарин мебинанд ва ба оилавайроншавӣ мусоидат мекунанд ва дар натиҷа кӯдакони бегуноҳро зиндаятим мегузоранд. Иншооллоҳ ҳамаи мо муcалмон ва дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем ва медонем, ки дини мубини Ислом дини ваҳдат, сулҳ, якдилӣ ва одилу ягонагӣ аст. Мо ҷонибдории худро ба ақидаи зиёда аз 8750 нафар донишҷӯёни маърифатпарвар баён менамоем.

Дар мақолаи Акбаров А., сармуаллими кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ гуфта шудааст, ки имрӯзҳо хадамоти  ҷосусии ғарб бо сарварии ИМА, Англия, Франсия, Германия ва дастгирии шайхони араб бо мақсади аз ҷавонон бо истифода бурдани дини мубораки Ислом мехоҳанд манкуртҳоеро ба вуҷуд оранд, ки онҳо ба ғайр аз хӯҷаи худ на падар, на модар, на бародару на хоҳар, на миллат ва на давлати худро мешиносанд.  Бинобар он қатъ ва бастани фаъолияти ҲНИ саривақтӣ буда, сабаби он мегардад, ки сафи ҷавонони фиребхӯрда, ки бо мақсади эҳтироми ислом ба он ҷо пайваста, худро надониста, террористу экстремист мешаванд. Ба монанди фаъолияти ба ном давлати исломии Шому Ироқ нишон медиҳад, ки онҳо аз номи дини мубини Ислом ба кадом амалҳои мудҳиш даст зада истодаанд. Хиёнат ва ношукриву нотинҷии Гулмурод Ҳалимов – полковник ва Назарзода Ҳоҷӣ – генерали армияро бинед, ки чи гуна ба ҲНИ пайваста ба кадом амалиётҳо даст задаанд  ва онҳо шаҳрвандони Тоҷикистониро ба хуну хок оғӯшта карда, мехоҳанд дар Тоҷикистон низ давлати исломии Шому Ироқро ташкил намоянд. Мо ҳама хеле хуб медонем, ки ҳизбро ташкил кардан маънои даъвои курсӣ гирифтан аст. Як бор ҷавонони арҷманд  андеша намоянд ва бинанд, ки аввал ҲНИ-ро номнавис карда, фаъолият бурда, имрӯз симои террорист ва экстремист будани худро нишон доданд. Онҳо дар гирду атрофи шаҳри Душанбе  бо чӣ гуна амалҳои ноҷавонмардона даст задаанд, ки дар натиҷа боз модари тоҷик бефарзанд монд,  бачаи тоҷик ятим монд, хонумаи тоҷик бешавҳар монд, ин аст амали ба ном дӯстдорони Ислом.

Узви ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз шахсони ба Кабирӣ наздик мақола бо номи “Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад” чоп кардааст. Ӯ суханҳои иғвоангезона навишта, аз ҷумла мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва пурра кардани буҷети давлатро бо воҳима нишон дода, мардумро ба гумроҳӣ бурдааст. Бо ин гуфтааш ӯ амали нохалафонаву душманона зоҳир кардааст. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо пурсамар ба пеш мебарад.

Дотсенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ
Қобилов Н.Қ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *