Cеминари илмӣ-амалӣ оид ба тарзи навиштани рисолаи магистрӣ ва мақолаҳои илмӣ

Санаи 2.11.2021 мутобиқи нақшаи кории шуъбаи магистратура ва докторантура бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб оид ба тарзи навиштани рисолаи магистрӣ ва мақолаҳои илмӣ бо магистрантон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Мудири шуъба дотсент Баҳодуров Ҳ.И. оид ба аҳамияти семинари мазкур дар шинос намудани магистрантон бо услуби навишти корҳои илмӣ суханронӣ намуд. Сипас мутахассиси пешбари маркази илмӣ-тадқиқотӣ д.и.и., профессор Азимов А.Ҷ. оид ба тарзи навиштани рисолаи магистрӣ ва мақолаҳои илмӣ машварати илмӣ гузаронид. Дар семинари илмӣ профессор Азимов А.Ҷ., профессор Мирбобоев М.К., дотсент Оқилов Ф., мудири шуъба дотсент Баҳодуров Ҳ.И. ва магистрантони курси 1- ум иштирок карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *