Бо ифтихору сарбаландӣ қайд менамоем, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Бо азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди Пешвои муаззами мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои боз» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат дод. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро ба ҷо меорад. То имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Баробари ин доир ба сафари навбатии Пешвои муаззами миллат, Бунёдгузори сиёсати навини хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаҳои 11-14 октябри соли равон дар кишварҳои Аврупо ташриф оварданд, ибрози андеша менамоем. Воқеан муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар баробари муносибатҳо бо дигар кишварҳои олам хеле муҳим буда, ҷумҳурӣ дар ин равобит ҳадафи эҷоди шароити мусоиди байналмилалӣ ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори кишварро пайгирӣ мекунад. Аз таърихи навини сиёсати хориҷии кишвар ёдовар шуда, қайд менамоем, ки муносибатҳои Тоҷикистон, бахусус бо кишварҳои Аврупо асосан дар солҳои 90-уми асри гузашта аз раванди ба расмият шинохтани ҷумҳурӣ ва барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварҳо оғоз ёфт. Дар давоми солҳои 1992-1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Швейтсария, Люксембург, Австрия, Булғористон, Италия, Кипр, Лаҳистон, Маҷористон, Португалия, Словакия, Олмон, Финляндия, Фаронса, Чехия, Белгия, Британияи Кабир, Дания, Испания, Нидерланд ва ғайраҳо муносибатҳои дипломатиро барпо намуд. Дар солҳои баъдӣ бо дигар кишварҳои Аврупо низ муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ба сифати шарики муҳими байналмилалии худ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои об, энергетика, идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, арзёбӣ мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад. Аз ин лиҳоз, баргузор гардидани вохӯриҳои муштараки коршиносон дар муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим ба шумор мераванд. Барои ташкил намудани чунин мулоқотҳо кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд ва соли 2001 аввалин вохӯрии Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон дар Брюссел барпо гардид. Воқеан масоили ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ кори саҳл нест, муммоҳои худро дорад, ки аз ҷониби Бунёдгузори сиёсати навини хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсӣ бо ташаббусу иқдомҳои шоиста ба анҷом расонида шудаанд.
Ин муқаддима ба он хотир буд, ки хоинони миллату давлат, бояд бидонанд: сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ ҳомиёни худро дорад!
Доир ба сафари навбатии Пешвои миллат дар кишварҳои Аврупо қайд менамоем, ки аз санаҳои 11 – 14 октябри соли равон Сарвари кишвар дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия бо як қатор шахсиятҳои сатҳи ҷаҳони мулоқот оростанд. Аз ҷумла, бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала, бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот карданд. ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ бахшид.
Зимни мулоқотҳо масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун табодули андеша карда шуданд. Аз ҷумла, дар самти соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия, табодули таҷриба оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин барои таҳкими ҳарчи бештари робитаҳо амалисозии санадҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо, дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти аз байн бурдани пандемияи короновирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рафъи оқибатҳои он ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт. Баробари ин ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодули афкор намуданд.
Санаи 14 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон вохӯрии судманд доир гардид. Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд. Баробари ин бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд. Баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронсаро дар маркази фарҳанги аврупоӣ — шаҳри Париж, воқеан рӯйдоди муҳим ва хотирмон аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан”, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик номид, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҷлили ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани ҳамкориҳо бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад.
Баробари ин, зикр кардан зарур аст, ки имруз бештари душманони миллат дар Аврупо паноҳ ёфта, тариқи шабакаҳои ииҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон доир ба масоили сафари навбатии Сарвари кишвар бо таври худ тафсир намуда, кирдорҳои иғвогарона менамоянд, ки бо ин гуфтору рафтораш ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ, амалҳои пасипардагии бадхоҳони миллат боз ҳам ба мардум равшантар гардида, нодида гирифтани дастоварҳои кишвар ва ҳасдхӯру ҷинояткор будани онҳоро бори дигар исбот намуд. Воқеан имрузҳо аз дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони азизамон чашми душманону хоинони миллат боз ҳам хиратар гардида истодааст! Бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯш мегирад. Аммо, ба ҳар сурат, Пешвои хирадманди миллат гуноҳи ҳазорҳо ҷинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлатамон шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми андешаи хеш бо сарбаландӣ ва ифтихори миллӣ қайд қайд менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи неки Тоҷикистон ва рушди босуботи он қадами устувор мегузоранд ва ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои маҳбуби мо – мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем. Эътимоди мо комил аст, ки воқеан сафари навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сафарҳои хушоянду самарабахш бобарор аст ва тамоми қувваю тавоноиаш ба манфиати давлату миллат сарф хоҳад гардид.
Тоҷикистон, ба пеш, бо Пешвои муаззами миллат!
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ