Имрӯзҳо тариқи расонаҳои интернетӣ аз ҷониби хоинону ватанфўрушон бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна суханҳои беасосу бемантиқ садо дода истодааст, ки ин бозиҳои сиёсии навбати пайғалатони миллат аст. Ин гумроҳшудагон – хоинони миллат дар атрофи як шахсияти ношинос бо номи Мирзохӯҷа Исмоиловро истифода бурда, бо суханҳои беасосу дуруғи худ мехоҳанд дар Тоҷикистон соҳибистиқлол байни мардуми кишварамон зиддияту кинаю адоват барангезанд. Худ қазоват кунед Мирзохӯҷа Исмоиловро ки мешиносад ? Ин ягон шахси сиёсатмадор аст ё олими шинохта? Ин бозиҳои навбатии хоинони миллат аст.
Дигар тарафи масъала, дар расонаҳои хабарӣ оид ба сафарҳои хориҷии Мирзохӯҷа Исмоилов иттилоъ дода шудааст, ки онро мисол овардан хеле бамаврид аст. Яъне “баъди бозгашташ аз Арабистони Саудӣ, соли 2015 сараввал ба Русия меравад ва аавали соли 2016 ба Белорусия сафар мекунад, то бо роҳи заминӣ ба хоки Аврупо гузарад. Чун гузаштан ба Аврупо бо роҳи заминӣ барояш муяссар намешавад, ба Русия баргашта, визаи Ҷумҳурии Литваро мегирад ва озими Аврупо шуда, дар Олмон ҳуҷҷатҳояшро ҳамчун паноҳанда месупорад”.
Сабаби сарсонии чандинмоҳаву солонаи ў дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Олмону Арабистони Саудӣ, Русия, Беларусия Қазоқистон ва монанди рафтани ў кист? Бе шубҳа амиқан роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аст, ки барояш гирифтани паноҳдагиро ваъда дода, аммо коре накардаанд. Ин гурўҳи пайғалатони миллат эҳсос кардаанд, ки асрори чунин ваъдаҳои пучашон фош гардидааст, маҷбур шудаанд то ҳар гуна туҳмату буҳтонро нисбати мақомоти давлатӣ баён дошта, худро сафед кунанд.
Дар доираи ин масъала суолҳои бисёр ба миён меояд. Масалан Сафарҳояшро ки маблағгузорӣ намудааст? Хоҷагони хориҷиаш ва ё ҳизбу гурўҳҳои ифротӣ!? Ва ғайра. Шарҳ додани ин ҳолат ҳоҷат ба баён нест! Мо лозим мешуморем, ки он пайғалатони миллат дар атрофи авфи Мирзохӯҷа Исмоилов сухан нагуфта доир ба сафарҳои ў бо ибораи дигар муйро аз хамир ҷудо кунанд.
Ҳамагон тибқи расонаҳои иттилооотӣ огоҳ ҳастанд, ки дар давоми соли 2018 беш аз 200 нафар аъзоёни ҳизбу гурўҳҳо, ки дар хориҷа умр ба сар мебурданд оқибат пушаймон шуда, бо ваъдаи авф ба Тоҷикистон баргаштаанд. Аз ҷумла ду нафар собиқадорони аъзоёни ҲНИ – Саидиброҳими Назар, Сатторов Аёмиддин ва аз “Гурӯҳи 24” Меҳрубон Сатторов, Оятуллоҳ Гиляев ва дигарон. Бо баробари ин. бояд ёдовар шуд,ки дар даврони Истиқлолияти давлати чанд маротиба гунаҳкорон авф шуда, бо бахшидани гуноҳҳои якдигар борҳо исбот шудааст, ки куллӣ мардумони кишвари соҳибистиқлоламон аз ин бохабар ҳастанд. Вале пайғалатони миллат сиёҳро аз сафед ҷудо карда натавониста истоданд. Доир ба шахсиятҳои авфшуда мисол меорем, ки собиқ аъзои фаъоли ҲНИ Аёмиддин Сатторов мебошад ва он дар филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар амалҳои назҳатиёнро иқрору тасдиқ намуд. Аз шарҳу далелҳои асоснок роҳбарияти ТТЭ ҲНИ чи кор карданашро надониста, нисбати Аёмиддин Сатторов ба ҳама амалҳои номатлуб содир намуданаш аз назар дур нест. Дар атрофи ин масъала сухан ронда қайд мекунем, ки гурўҳҳои хиёнаткор таъкиди он мекунанд, ки гўё “собиқадорони ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки бо ваъдаи авф ба кишвар баргашт, барои ширкат ба нишасти САҲА-2018 бо ҳайати ҳукумат омада буд, аммо дар ҳалқаи конвой (муҳофизони ҳукуматӣ) мегашт. Ба ӯ иҷозат намедоданд, ки ҳатто аз ҳалқаи конвой дақиқае берун шавад”. Ин далел аз ҳақиқат хеле дур аст? Ҳамагон аз рўи наворҳои пахшнамудаи ҳамин гурўҳҳо дидаанд, ки чи гуна Сатторов Аёмиддин дар он рўзҳо озодона дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон гаштугузор дошт ва ҳатто ба намояндагони мухолифин ва собиқ ҳамсафони худ озодона сўҳбат мекард. Бо вуҷуди ин дигар тарафи масъаларо шарҳ медиҳем ва суол ба миён меояд, яъне ҳимоя ва бехатарии С.Аёмиддинро, ки таъмин мекунад? Ки онро кафолат медиҳад? Ба ҳар ҳол пайғалатони миллат не! Айни ҳол Аёмиддин Сатторов шаҳрванди Тоҷикистон аст! Бо ибораи дигар дар назди қонун ҳама баробаранд, ба шаҳрвандони Тоҷикистон муяссар гаштааст, ки масъалаҳои асосии раванди давлатсозӣ ва давлатдории худро ҳал намуда, ҷомеа ва давлати худро аз хатари нобудшавӣ раҳонида, бо азми устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сўи ояндаи дурахшони худ ҳаракат намоянд.
Ба фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар кишварҳои Лаҳистон ва Олмон қарор доранд, бори дигар муроҷиат намуда таъкид менамоем, ки иғвогарӣ накарда, хулосаи даркории худро дар мавриди даст кашидан аз гурўҳҳои ифротӣ ва ё умуман пош додани он бароранд.
Таъкидан чунин натиҷагирӣ кард, ки имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки ба сафҳои созмонҳои тахрибкорро шомил ҳастанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.
Муҳиддин Муъминов,
дотсенти кафедраи математикаи
олӣ ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ