Созмону гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус ТТЭ ҲНИ, мебошад, ки имрўзҳо раҳбарияту ҳаммаслаконаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромадҳои ифротӣ намуда, асосан нисбати ҷумҳурии азизамон ва туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Аз фаъолияти қаблӣ ва имрузаи ТТЭ ҲНИ аён аст, ки ҳадафаш тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ тағйир додан аст. Бояд қайд кард, ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ кӯшиш доранд, ба мисли қазияҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон зиндагии орому осудаи онро халалдор намуда, халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Бо ин мақсад раҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар Аврупо ташкилоти дигареро ба унвони «Паймони миллӣ..”- ро таъсис додааст. Бо ин васила ба даст овардани гранту кӯмакҳои хориҷӣ хеле осонтар мегардад. Кабирӣ ва пайравонаш бо бозиҳои сиёсии муғризона ва ҳангомабофиҳояш мехоҳад худро ба канори дигарон партояд ва боз лоиҳаҳои дигареро таҳия намуда, соҳиби пулу мол гардад. Ин омили рӯзгузаронӣ ва зиндагии ӯ ва ҳамтоёнаш дар Аврупо ва кишварҳои дигар мебошанд. Ҳамагон медонанд, ки мақсади таъсиси “Паймони миллӣ” пеш аз ҳама, тиҷорат ва даромад аст ва барои ин кор аз ҳеҷ чиз даст намекашанд. Мувофиқи гузоришҳо дар солҳои охир дар хориҷа қарор доштани раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, хоса сармояи Муҳиддин Кабирӣ зиёд гардидааст. Суол ба миён меояд: Сарчашмаи сармоя ва ё маблағ аз куҷо”?! Аз кадом ҳисоб барномаҳои телевизонӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳояшонро ба роҳ мондаанд. Ба хонандаи закӣ посухи ин суол мушкил нест! Он асосан аз ҷониби дастгирӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷӣ аст! Кӯмаку грантҳоро барои ҳар коре, туҳмату буҳтоне ва иғвову ангезаҳоеро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ масараф менамоянд. Кабирию Муҳаммадиқбол ва умуман ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва “Паймони миллӣ” медонанд ва ё худро ба нодонӣ мезананд, бояд бидонанд, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст! Вале, ин ифротгароёни фирорӣ баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез, доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад.
Имрӯз ба он ҳоле гирифтор гардидаанд, ки ҳатто аз ин сарзамин, аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд! Ин хоинон бояд донанд, ки дар Тоҷикистон имрӯз дигар масъалаи сулҳу ҷанг нест! Ҳама бо ҳам аз як гиребон сар бароварда, дар андешаи пешрафту шукуфоии Ватан ҳастанд. Хулоса, ҳар як шаҳрванди кишвар ва берун аз он бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Д. ШАРИПОВ , устоди ДИС ДДТТ