Санаи 24-уми май дар доираи “ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ-2023” (INTERNATIONAL WEEK 2023), ки дар ДИС ДДТТ баргузор гардида истодааст, кормандони бахши байналмилалии Донишгоҳи Кантабрияи Испониё ҷаноби Пабло Диаз Ҳубете ва хонум Паула Лопес Касадо бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳомид Ҳошимзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, сузаниҳо, кашидадӯзиҳо, қуроқу чакан ва таому хӯришҳои миллӣ, ки ба ифтихори ташрифи меҳмонон ороста гардида буданд, дидан намуданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз намудҳои якчанд мусобиқоти варзишии миллӣ, монанди гуштигирӣ, дастхобонӣ ва кураш, ки аз ҷониби донишҷӯён-варзишгарони Донишкада намоиш дода шуд, боздид ба амал оварда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, мардуми сарбаланди тоҷик анъанаи неки меҳмонпазирӣ ва рафоқату дӯстиро ҳамеша соҳиб буда, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат дӯстию ҳамгироии ҳамаи миллату аққалиятҳои қавмӣ мақоми хосро ишғол менамояд.