Боз як талафоти бузург дар сафи олимони иқтисодӣ

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдуғафоров Абдуқаҳор 12 феврали соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) ба дунё омодааст. Соли 1970 мактаби миёнаи №11 – и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳозира Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро Абдуғафоров Абдуқаҳор пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, аз моҳи ноябри соли 1976 то декабри соли 1980 ҳамчун тадқиқотчӣ, баъдан ба ҳайси аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намудааст ва соли 1982 дар Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадиашро дифо намудааст.

Абдуғафоров Абдуқаҳор аз соли 1981 то соли 1991 дар вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти илми – педогогӣ намудааст. Бо тағйир ёфтани макони зист ва сабабҳои оилавӣ фаъолияти илми педагогро аз соли 1991 то 1998 дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров идома дода, дар вазифаҳои дотсент, муовини декани факултети иқтисодӣ ва мудири кафедраи менеҷмент фаъолият намудааст.

Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ солҳои 1993 – 1994 дар Донишгоҳи Небраскаи шаҳри Линколн, штати Небраски Иёлоти Мутаҳидаи Амрико сафари илми намудааст ва рисолаи докториро дар Шӯрои тахассусии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1995 дифо намудааст.

Абдуғафоров Абдуқаҳор аз соли 1998 то 2010 дар вазифаи директори Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ адои вазифа намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2010 то 2017 дар вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолияташро идома додааст.

Абдуғафоров Абдуқаҳор аз 1 октябри соли 2017 то нафаси охирин дар МДТ Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Барои меҳнати пурмаҳсул бо Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо ва Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Абдуғафоров Абдуқаҳор ҳамчун инсон шахси хоксор, меҳрубону ғамхор, кордон ва пуртаҷриба дар байни коллективи меҳнатии донишкада намунаи ибрат буда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо имрӯз ҳамчун олим, роҳбар ва мутахассисони варзида дар соҳаҳои хоҷагии халқ фаолияти пурсамар доранд.

Аз марги бармаҳали Абдуғафоров Абдуқаҳор коллективи меҳнатии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони МДТ Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сахт андўҳгин буда, ба фарзандон ва пайвандони шодравон сабри ҷамил мехоҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *