Имрӯз ба либоспӯшии баъзе занони тоҷик нигоҳ кунем дар ҳақиқат чанд сол муқаддам тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфта буд.
Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз новобаста аз фикру ақидаҳои танқидии баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранд, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалыи ьамчун кишвари рӯ ба мутараққӣ, ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаббускор мешиносанд.
Воқеан давлат ба масъалаи эътиқоди шаҳрванд ба ин ё он дин халалдор намешавад, баръакс барои инкишофи маънавии инсон мусоидат намуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар тўли таърихи дурударози халқи тоҷик бисёр халқиятҳое буданд, ки мехостанд сиёсат, фарҳанг, мазҳаби худро дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷорӣ намоянд, вале халқи сарбаланди тоҷик тавонист дар муддати ин солҳо анъанаҳои миллии худро комилан нигоҳ дорад. Аммо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар масъалаи эҳёи арзишҳои маданӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, онҳоро дар амал татбиқ карда истодааст, ки масъалаи сару либоси тавсиявӣ низ яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад.
Мо дар давлати соҳибистиқлол зиста бояд шукронаи сулҳу ваҳдат кунем ва ба қадри ин сарвати бебаҳо бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Андешаҳои бадхоҳони миллатро намеписандем ва ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори бегонапарастии онҳо нахоҳем гашт.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ