Бобоев Ғуломҷон Ғафурҷонович

Бобоев Ғуломҷон Ғафурҷонович 1-уми декабри соли 1981 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1988 ба мактаби миёнаи №1 ноҳияи Ҷаббор Расулов дохил шудааст. Соли 1999 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултети иқтисодии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ-и шаҳри Душанбе дохил шудааст. Соли 2004 бо муваффақият донишкадаро хатм намудааст. Аз соли 2004 то соли 2006 ҳамчун муаллими кафедраи назарияи иқтисод, менеҷмент ва фанҳои ҷамъиятии Шӯбаи Хуҷандии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Аз соли 2007 то 2009 дар аспирантураи Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аз соли 2010 то 2020 дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ. Аз соли 2021 ба вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисод фаъолият бурда истодааст. Номзади илмҳои иқтисод, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *