Рӯз то рӯз бо вусъати дастрасии иттилоот бештар аён мегардад, ки хиёнат ба мардум, ба миллат ва Ватан оқибат шахсияти инсонро аз кӯи накӯномии зиндагӣ маҳв хоҳад кард. Амалиёти хоинонаи собиқ раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ – М. Кабирӣ имрӯз аз ҳар ҷиҳат ошкор мешавад. Аз иттилои расонаҳои хабарӣ маълум мешавад, ки М. Кабирӣ дар бероҳа кардани бисёре аз афрод ва ҳатто паноҳ бурдани онњо дар кишвари Эрон даст дорад. Аз ин хотир, касоне ки аз зулму истибдоди ӯ ҷабр дидаанд, ниҳоят косаи сабрашон лабрез лаб ба фарёд кушодаанд, ки: “Фарзандони моро ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ накунед”.
Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ҳизби мамнӯи наҳзати ислом маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист?
Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, зеро фарҳанги ҳар як миллат ҷузъи ногусастании тамаддуни инсоният аст, аммо вежагии худро дорад. Арзишҳои фарҳангии худро ҳифз кардан бошад аз ҳуввият ва нангу номуси миллӣ аст. Бошад, ки ин хислатро дар рӯҳияи худ тарбият кунем ва фаромӯш насозем, ки худшиносӣ мояи худошиносист.
Шарипов З.У., муаллими кафедраи
молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДД ТТ