Солҳои охир мутаассифона қариб ҳар рӯз аз расонахои хабарӣ иттилоъ пайдо мекунем, ки дар ин ё он шаҳру мамлакат амалҳои террористӣ анҷом дода шуда, боиси ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо ва садҳо нафар гардидаанд. Ин тамоюл, бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд, зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурӯҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад.
Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сӯзонидани одамон мебошад.
Дар таҷриба ба мушоҳида расид, ки он шахсоне, ки бештар тарафдори ин гурӯҳ ва ё ба он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи зархаридони хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар амалҳои зишт даст задани ваҳҳобиёнро мо аз маълумотҳои таърихӣ огаҳ ҳастем, ки таълимоти Ваҳҳобия аз замони ба вуҷуд омаданаш харобгару ифротгаро будааст. Таълимоти ваҳобия дақиқан ҳамин матлабро талаб мекунад, ба ҳамин хотир ҷавононе, ки дар Давлати Ироқу Шом ширкат доранд, аксарияти фикри ваҳҳобгарӣ мепарварад.
Ваҳҳобия – фирқаи динӣ ва ҳаракати иҷтимоӣ, ки дар охири асри 18 дар мамлакатҳои Араб пайдо шудааст. Асосгузораш Муҳаммад ибни Абдуваҳҳоб (1703-1787). Таълимоти асосии Ваҳҳобияро тарѓибу ташвиқи ягонагии Оллоҳ – тавҳид ташкил медиҳад. Мувофиқи ақидаи Ваҳҳобиён танҳо Худо холиқи олам буда, чизе ва касе ба ӯ баробар шуда наметавонад. Ба тоъату ибодат танҳо Худо сазовор аст. Аз ин ҷост, ки Ваҳҳобия ба дигар одатҳои ислом: авлиёпарастӣ, ҳаҷ, қурбонӣ (ѓайр аз худоӣ баҳри Худо), дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо ҳамчунин бо пӯшидани либосҳои шоҳӣ, нӯшидани машрубот, кашидани нашъа, мусиқӣ, рақс ва ѓайра зид баромада, онҳоро навъе аз бутпарастӣ меҳисобид. Тамоми ашхоси ба ин унсурҳо пайравро кофир ва сазовори қатл медонист ва ба муқобили онҳо ҷиҳодро раво дониста, пайравони мазҳаби худро на ба номи қабила, балки ба номи ихвон (бародар) хитоб мекард.
Аз байни тамоми навиштаҷоти динӣ танҳо Қуръон ва суннатро сарчашмаи асосии дини ислом меҳисобид. Ваҳҳобия баъди дини давлати Арабистони Саудӣ (1920) эълон шудан, ба идеологияи феодалҳои араб табдил ёфт. Ваҳҳобиён ҳоло ѓайри давлатҳои Араб дар Афѓонистон, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Африка таъсир дорад.
Аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ бошад, ҳамеша сабаби пайвастани мардум, махсусан ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои Экстремистию Террористӣ мисли Салафия, Ваҳҳобия, Ансоруллоҳ, Таҳрир ва ғайраҳо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодааст, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Махсусан дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо фазои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.
Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби “Қуръон” гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошад.
Калонова Азизахон,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон