БЕШАРАФB ВА БЕИЗЗАТИИ НАҲЗАТИЁН АЁН АСТ!

Яке аз шогирдон ва ҳаммаслакони нави наҳзатиён Иззат Амон мебошад, ки агар М.Садриддини БЕШАРАФ шуда бошад, пас Иззат ба БЕИЗЗАТ табдил ёфтааст, ки оқибати наҳзатиёни хиёнаткор ҳамин аст!

Бо назардошти расонаҳои хабарӣ хулосабарорӣ карда, қайд кардан ҷоиз аст, ки Иззат Амон як афроде будааст, сиришташ сар то по фиребу найрангбозист. Воқеан ҳам ин дуруст аст, ки доир ба амалҳои қаллобии Иззат Амон мисолҳо овардан бамаврид аст. Масалан: тибқи баёнияи  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззат Амон бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Федератсияи Русия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Иззат Амон ҳамчун ҳуқуқшинос дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор анҷом надодааст ва кӯмаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Ниҳоят барои содир намудани чунин амалҳои қаллобиаш, ки теъдодаш  зиёд аст, тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Имрӯз баъди истирдод (депортатсия) ӯ аз Русия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Хулоса, қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон сабақе хоҳад шуд.

 

Анварӣ Р., ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *