БЕГОНАПАРАСТӢ БА БОНУВОНИ МО ХОС НЕСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷӯҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон-занону духтарон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад. Вале, мутаассифона бархе аз занону духтарон бегонапарастӣ намуда, либосҳои ба мо хос набударо бо номи “сатр” инчунин либосҳои нимурён ва аврупоӣ ба бар карда худнамоишӣ мекунанд, ки ин амал ба миллати фарҳандӯсти мо хос нест. Ин ҳолат дар кӯчаю марказҳои истироҳатию фароғатии шаҳрҳои мамлкатамон бештар ба мушоҳида мерасанд. Чи гуна шарму хиҷолат ин тоифаро намегирад пеш аз ҳар иқдом, андеша карданашон ба манфиати кор аст. Масалан, дар моҳи авусти соли равон дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистон як зани сатрпӯш арзишҳои халқу дини мубини исломро поймол карда, ба нишони эътироз боҳаргуна баҳонаҳои беасос сӯиқасд ба ҷони худ даст задааст. Бояд гуфт, ки ин тоифа занон бо чунин кирдори худ ба шаъну шарафи бонувони тоҷик иснод меоранд. Аз ин рӯ, бо назардошти ҳолати руйдода, ҷавонон-занону духтаронро ҳушёр созанд, ки ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ва гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.

М. Тоҳирова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *