Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, чунин иттилоъ медиҳад.
Пеш аз ҳама, иттилоъ медиҳем, ки тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Субҳи имрӯз, 6 апрели соли равон вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шӯъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.
Ҳамчунин, аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.
Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор доранд, 14 рӯз низ ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ хушбахтона, манфӣ баромадааст.
-Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти рамии мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ва матолиб ба нашр расонанд. Чун, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонад боиси ба таҳлука андохтани мардум бигардад,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.